Сарвазири Бритониё аз мақомаш истеъфо медиҳад

Девид Кемерон, сарвазири Бритониё чанд лаҳза пеш эълон кард, ки аз мақомаш довталабона истеъфо медиҳад. Ин истеъфои ӯ дар пайи райъпурсие сурат мегирад, ки тибқи он Бритониё аз узвияти Иттиҳоди Аврупо хориҷ мешавад. 

Имрӯз 24-уми июн эълон шуд, ки ройдиҳандагони бритониёӣ ба ҷонибдории хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо райъ доданд.

Бино ба натиҷаи шумориши орои райдиҳандагони бритониёӣ 52 дарсади ширкаткунандагон дар ҳамапурсӣ ба ҷонибдорӣ аз хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо овоз доданд. 48 дарсади сокинони ин мамлакат мехоҳанд Бритониё ҳамчунин дар ҳайати Иттиҳодияи Авруп боқӣ бимонад.

Дар ин ҳамапурсӣ 72 дарсади сокинони қобил райъ ширкат намуданд.

 

Назарҳо

Девид Кемерон, сарвазири Бритониё ангушти дасти росташро бардоштай иншоллох дар дилаш ислом хаст ва ислом пирузи мекунанд чахонро.

Шояд шумо суол ё назаре доред?