Се миллион сомонӣ кӯмаки Президент Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони Бартанг

Президент Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони заминларза дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон қариб 3 миллион сомонӣ маблағи пулӣ фиристодааст.

Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон ба TojNews гуфт, ҳоло дар водии Бартанг маблағи ҷудошударо аз номи Президенти кишвар ба мардум тақсим карда истодаанд.

Ба гуфтаи Худоёр Худоёров, ба сокиноне, ки манзилашон аз заминларза қисман зарар дидааст  3 ҳазор сомонӣ ва барои аҳолии манзилашон пурра харобшуда 7 ҳазор сомонӣ маблағи нақд дода мешавад. 

Дар умум раиси ноҳияи Рӯшон мегӯяд, зиёда аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларза дар водии Бартанг супурда хоҳад шуд.

7-уми декабр дар Бадахшони Тоҷикистон се бор ларзидани замин ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти Муассисаи илмии “Хадамоти геофизикӣ”-и Академияи илмҳо заминларзаи аввал соатҳои 12-50  ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст. Маркази заминларза дар 357 км  ҷанубу  шарқи Душанбе дар 22-километрии кӯли Сарез воқеъ будааст, ки тавоноии ларзиши замин баробар ба 7-8 бали ҷадвали Рихтер арзёбӣ мешавад. Ларзиши замин дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри  Душанбе 3-4 балро ташкил дод. 

Бори дуюм, соати 15-04 дар 370 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ларзиши замин ба қайд гирифта шуд, ки  дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод. Такроран баъди 30 дақиқа дар ҷойи аввала заминларза ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он  дар марказаш ба  5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе  2-3 бал баробар буд.

Ба иттилои мақомоти кишвар аз ин заминларза қариб 800 хонаи сокинон осеб дида, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки яке аз онҳо Илҳомбек Шогунбеков, корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Дар асоси ҳисоботи пешакӣ хисороти заминларза дар ноҳияи Рӯшон наздик ба 24 миллион сомонӣ мебошад ва эҳтимол ин рақам боз ҳам афзоиш ёбад. Раванди баҳисобгирии хисороти заминларза аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода идома дорад.

Copyright @2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?