Се варзишгари қазоқ барои истеъмоли допинг аз медалҳои олимпӣ маҳрум шуданд

Кумитаи ҷаҳонии олимпӣ се варзишгари Қозоқистонро ба ҷурми истифодаи допинг ҳангоми қувваозмоӣ дар бозиҳои олимпӣ аз медалҳои тилло маҳрум намуд.

Ин се тан - Зулфия Чиншанло, Майя Манеза ва Светлана Подобедова дар бозиҳои олимпии тобистонаи Лондон соли 2012 соҳиби медалҳои тилло шуда буданд. Гуфта мешавад, ки дар озмоиши допинг мавҷудияти моддаи мамнуъи станозолол дар хуни Светлана Подобедова ва Майя Манеза исбот шудааст, дар хуни Зулфия Чиншанло бошад станозолол ва оксандролон дида шудааст.

Моҷарои допинг дар атрофи сангбардорони қазоқ пеш аз оғози бозиҳои олимии Рио шуруъ шуда буд ва ин се тан баъди ин моҷара аз ширкат дар бозиҳои Рио маҳрум шуда буданд. Кумитаи бозиҳои олимпии Қазоқистон ин хабарро тайид кардааст. Аммо ҳоло муҳлати маҳрумияти онҳо дар ширкат дар бозиҳои байналмилалӣ эълон нашудааст.

Мақомоти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ гуфтааст, ки дар кутоҳтарин фурсат қарор дар ин маврид содир мешавад. Ин кумита гуфтааст, ки рӯзҳои наздик натиҷаи санҷиши панҷ сангбардори дигари Қазоқистон, аз қабили Иля Илйин, Мария Грабоветская, Ирина Некрасова, Владимир Седов ва Алмос Утешов низ эълон хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки Илйин дар ду Олимпиада допинг истеъмол кардааст ва ин собит шудааст. Агар ҳарфи Кумитаи байналмилалии Олимпиада дуруст ояд, пас Қазоқистон метавонад боз аз ду медали тилло, як нуқра ва як бронз маҳрум шавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?