Сенсатсияи Интихобот -2015: Раҳматилло Зойиров зидди исломикунонии сиёсат

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ мегӯяд, ки ҷонибдори он нест, ки ислом вориди сиёсат бошад.

Раиси ҲСДТ, ки аз мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад, бо ин андешааш худро дар муқобили ҷонибдорони исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон аз ҷумла ҲНИТ мегузорад.

Ба андешаи Зойиров, “ислом пок аст, набояд ба сиёсат олуда кунем”. Ба гуфтаи ӯ: “Фикр намекунам, ки ин ҳарфҳо ба ҲНИТ ҳам бад  расад. ҲНИТ  агар ҳамчун сарчашма истифода мекардагӣ бошад дар ин ё дигар ҳолат Қуръон ё суннаро истифода мекунад, ин бевосита олуда кардани дини ислом нест.  Дини ислом дар ҳақиқат як чизи муқаддас аст. Ва ин муқаддасотро мо бояд, ки ба сиёсат ё ки ба дигар чизҳое, ки аз рӯи манфиатҳои субъективӣ амалӣ гардонида мешавад дар ин соҳаҳо  истифода накунем. Бояд, ки дини ислом дар ҳақиқат аз нигоҳи маънавиёти мо, аз нигоҳи бевосита фарҳанги мо истифода шуданаш лозим аст”.

Раҳматилло Зойиров дар посух ба ин суол, ки “хеле кишварҳое ҳастанд, ки исломианд, бо қоида ва қонуни ислом зиндагонӣ мекунанд ва Пайғамбари Худо ҷанобаи расулаллоҳ ҳам Имом-пешво буд ва ҳам роҳбари давлат ва имрӯз фарз кардем Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Исломии Афғонистон кишварҳои арабӣ  бо иттико ба қавоиди шариат пеш мераванд ва пешрафта ҳам ҳастанд?” мегӯяд:

“Вақте Пайғамбар (садмиллион дуруд бар ӯ ва олу асҳоби ӯ) давлати исломӣ бино ниҳод ва ё имрӯз ҶИ Эрон амал мекунад. Ҳамчун идеология ҳамин чизро гуфтан даркор, ки ҳато барои пешрафт кардани давлатҳои исломии Афғонистон, Эрон  на танҳо дар асоси дини ислом агар барои ғайримусалмон озодии эътиқоди динӣ таъмин намешуда бошад, зиддиятҳои зиёд ба миён омаданаш мумкин аст. Агар ки байни ташаюъ ва тасаннун агар бихоҳем ҳатто агар ҳуқуқи исломии пешрафтаро дошта бошем ҳам мо байни мактаб, фирқа, ва  равияҳои динӣ ҳам  бояд, ки як ҳамин зиддиятҳоро аз байн бурда мо тавре ҳаракати карданамон зарур меояд ва даркор мешавад, ки ба як равияи асосӣ, ё ки мисол ба сохтмони як мактаби ҳуқуқи ислоӣ ҳаракат карда ва дар ин амр ба тавфиқ дучор шуданамон лозим аст. Бахусус дар ин шароит, ки дини ислом аз ҷониби абарқудратҳои ғайриисломӣ муқобили худи мусалмонҳо  ба яксилоҳ ва  шамшери хунрез бадал шудааст. То он замон ки дар ислом мактабҳои гуногун амал мекунад ва татбиқи ҳуқуқӣ ба шаклу мазмун ва ҳатто бо моҳияти фарқкунанда роҳандозӣ ва пиёда мешавад,барои пешрафт ва рушду густариши ислом ҳамчун танзимкунандаи ҳаёти ҷомеа , ҳар гуна маҳдудиятҳоро ба миён оварданаш мумкин”.

Шакли пурраи ин гуфтаҳои Зойиров дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Нигоҳ” мутолиа кунед.

Copyright © 2015 TojNews

 

Назарҳо

Ақидаи солим аст, аммо ба фикрам Зоировро мехоянд барои ин фикраш....
"Дини ислом дар ҳақиқат як чизи муқаддас аст. Ва ин муқаддасотро мо бояд, ки ба сиёсат ё ки ба дигар чизҳое, ки аз рӯи манфиатҳои субъективӣ амалӣ гардонида мешавад дар ин соҳаҳо истифода накунем. Бояд, ки дини ислом дар ҳақиқат аз нигоҳи маънавиёти мо, аз нигоҳи бевосита фарҳанги мо истифода шуданаш лозим аст” 100 % рост мегуяд!
Фикр мекунам Зоировро чи камбудеяшро ёфтаанд ва У ро мачбур кардаанд то каме хам бошад бар зидди Нахзат истифодааш баранд. Зоиров шояд бо шарте ки Шухрат Кудратовро озод кунанд рози шуда бошад. Чун сабаби асосии махкам шудани Шухрат Кудратов махз Зоиров буд бо он маскараде ки дар вакти судхои Шухрат карда буд. Мухтарам Зоиров Шумо адвокат нестед лутфан аз Шухрат химоят накунед чун шояд адвокати дигар хадди акал 3-5 солашро шояд кам кунад вале Шумо метарсам аз 9 зиёдаш мекунед
Хар кас ба андозаи фахмиши худаш гап мезанад, Зоиров хам аз ислом хамин кадар маълумот дорад ва ба андозаи фахмишаш гап задааст, аммо Исломро аз сиёсат чудо кардан ба ин мемонад, ки масалан каллаи як инсонро аз танаш чудо кунию баъд гуи инсон аст. Исломи бе сиёсат ба маънои инсони бе сар аст. Агар Зиров хадди акал забони арабиро мефахмиду маънои оятхо Куръонро медонисту дар ин маврид маколахои илми медошту бо далелу бо истифода аз оятхои Куръону хадисхои Пайгамбарамон исбот мекард, чои бахс дошт, вале касе ки бечора маънои одиитарин сураи Куръонро намефахмад, ба фикрам сухбат карданаш дар ин бора бе маъни аст. Барои хамин хамон касоне аз ин фикри Зоиров истифода мекунанд ва кабулаш доранд ки дар сатхи фахмиши уянд, на болотар. Ин масъала аллакай дар дигар кишвархо ва байни уламои ислом кайхост ки халлу фасл шудааст ва ниёзе ба суханони Зоиров нест, аммо ин бахсро кашидан ба ин маъност, ки баъзехо хануз хам дар гирдоби бахсхое хастанд ки 50 солахо пеш буд.Дигарон ба космос расиданд, мо хануз хам дар гирдоби бахсхои солхои 40 уму 50 ум гирифторем.
"Саг мечакад, корвон мегузарад"
Таваччух! "Дини ислом як чизи мукаддас аст". Инро касе инкор накардааст, аммо касоне, ки ин акидаро, ки дини ислом як чизи мукаддас аст ва сиёсат палид ва нопок аст, хамчун формула барои чудоии дин аз сиёсат истифода мебаранд, галат ва нодуруст мекунанд. Зеро агар бо мантики онхо «сиёсат палид ва нопок аст» пеш равем, пас ин ба маънои он аст, ки хар касе ки ба сиёсат даст зад, пас ба кори палид, нопок ва харом даст задааст. Савол ба онхо ин мешавад, ки агар сиёсат палид, нопок ва харом бошад, пас худи шумо, барои чи даст ба кори палид, нопок ва харом, ки хамон «сиёсат» аст, даст задаед? Дар холе ки шумо мардумро ваъда мекунед ки агар ман президент шавам агар ман депутат шавам, барои шумо хидмат мекунам. Оё шумо дуруг мегуед? Ё оё хидмат кардан ба мардум(яъне сиёсат,хукумат кардан), адолатро дар миёни мардум чори кардан кори палид, нопок ва харом аст? Магар дини ислом чуз инро гуфтааст, ки шумо ба мардум хидмат кунед, шумо адолатро дар миёни мардум чори кунед. Дар кучое аз ин корхо байни ислом хамчун дин ва сиёсат ихтилоф ва зиддият аст? Аммо бояд ёдовар шуд, ки ин акида, ки «дин як чизи пок аст ва сиёсат гажд ва палид» пас набояд бо хам олуда бошанд, бархеста аз андешахои масехиён ва гайримусалмонон аст, ки баъдан ба магзи андешмандони мусалмон вале гайрихирфаи рох ёфт. Бояд тазаккур дод, касоне, ки эътикод доранд, ки ислом бояд бо сиёсат сару кор дошта бошад, далелхои хеле кави аз Куръон ва суннат доранд,ки чои бахс надорад. Аммо мантики мухолифони онхо чунон заиф ва гайри илми аст, ки хатто худашонро дар мушкил вомегузорад.Чунонеки дар боло кайд шуд ба ин маъно, ки онхо сиёсатро палид медонанд ва бо хамин бахона хар галату фиребу найранге ки аз дасташон биояд дар хакки мардум мекунанд, чунки сиёсат хаминхел аст ба назари онхо. Аммо агар аз чахорчубаи ислом вориди сиёсат шави, ислом барои як сиёсатмадор чорчубаи муайян кашида ва намегузорад ки аз он чорчуба пояшро берун кунад, агар пояшро берун кард, у дигар хак надорад мардумро сарвари намояд ва даъвои пешвои кунад. Ана хамин чиз аст, ки баъзе сиёсатмадорхоро метарсонад, зеро агар аз даруни ислом вориди сиёсат шаванд, дигар набояд дуруг гуянд, набояд хакки мардумро зери по кунанд, набояд моли ятимро хуранд, набояд дар таксими кудрат байни хешутабори худ аз хад гузаранд, набояд ришвахуриву фасодро тахаммул дошта бошанд, набояд пеши рохи ибодати мардумро гиранд ва г... Як холати хеле одди ва соддаеро хам дар миёни баъзе аз мансабдорон ва сиёсатмадорони мо дидан мумкин аст. Масалан яке аз оддитарин нишонаи мусалмон будан намоз хондан аст. Аммо вакте ба баъзе сиёсатмадорони мо мегуи ки чаро намоз намехони? Мегуяд ки агар намоз хондам бояд ки дуруг нагуям,фиреб накунам, хиёнат накунам, ки дар холи хозир ин барои ман гайримумкин аст, вакте ба нафака баромадам, хач меравам ва баъди аз хач баргаштан дигар хеч кори бад намекунам. Яъне онхо дар даврони мансабдори намехоанд хуб бошанд. пок бошанд, дуруг нагуянд, агар ба ислом ру оварданд ин чозхоро барояшон махдуд мекунад. Яъне барои онхо чамъ кардани дини ислом, дини поки ва ростию дурусти, бо вазифаву мансабашон, ки "сиёсат" аст, гайримумкин ва дар майнаи сарашон чой гирифтани нест. Барои хамин дар пайи чустучуи далел хастанд, ки хам даруни худро конеъ кунанд ва хам рохи гурезе барои саволхои чомеа дошта бошанд. Худ казоват кунед, ки агар як нафар бо ин идея, ки сиёсат палид аст муътакид бошаду, боз бо ин вучуд вориди сиёсат шавад. Оё интизор меравд ки чунин шахс чуз кори палид ва харом (ба гуфтаи худаш), ягон кори хайре барои мардум анчом дихад??? Аммо касоне, ки ки зидди ин андешаанд, эътикод доранд, ки сиёсат як чузъи чудонашавандае аз ислом аст ва чунонеки ислом даъват ба кори хайру ростию садокат мекунад, амр мекунад, ки агар нафаре даъвои сиёсатмадори ва хидмат кардан ба мардумро дорад, бояд содик, ростгу, адолатпарвар ва мухимтар аз хама ходими мардум бошад ва хамчун сиёсатмадор аз чорчубаи салохиятхояш берун наравад, адолатро дар миёни мардум чори кунад, ва хамон тавре, ки ислом дини мукаддас аст, сиёсат хам чузъе аз ин дини мукаддас аст. Бинобар ин касе ки сарвари мардум шуд, бояд сиёсатро хам чузъи дини мукаддаси ислом донад ва корашро хам, ки хидмат кардан ба мардум аст мукаддас донад, зеро вазифае ки у дорад мухим ва дар пешигохи Худованд барои ин масъулияташ чавобгу аст. Яъне ба чуз инки дар назди халк посухгуи амалхои худаш мебошад, дар пешгохи Худованд низ барои кучактарин амалаш дар бархурд бо мардум масъул ва посухгу аст ва хамин андеша аст, ки ангезаи хидмат кардан (яъне сиёсат, хукумат кардан) ба мардумро дар у эчод мекунад ва ба у тавони тахаммули мушкилотро медихад, зеро кори пок анчом медихад, зеро чузъе аз вазифаи имони ва эътикодии худро анчом медихад.
Ба Масрур! Зоиров кории Курон аст.
Зоиров бо суханхояш исбот кард , ки як д... аст , дарбори аст , дуруя аст , садкаи номи Кори шавад
Тоҷик, шумо бо чи далел исбот карда метавонед, ки Зоиров қории қурон аст ва дар куҷо таҳсил кардааст, саломат бошед
Сиси хам кории Куръон аст, вале берахмона хазорхо мусулмононро торумор кард. Худованд аз чунин "кори"-хо безор аст.
Зоиров барои ин найрангбозихояд ба ту дар парлумон чанд курси ваъда доданд????????????!!!!!!!!!!! Дустам мегуфт, ки инхо хамаашон муттахам ва фурухташуда мебошанд, ба инхо бовари накун!!! Зоиров вичдон бояд дошт. Хизби исломи мешавад, хаст ва хохад шуд. Чи гунае, ки хизби динии Христиани хаст.(Хритиан низ пок аст.) Агар ту ибодат накуни, дониста бош, ки дигархо ибодат мекунанд ва аз ед набарор, ки Худованд ба ибодати ту ниёз надорад,
Azim bar tu MOSHOOLLOH
Срочно як тарчумон даркор, к суханони Кори зоировро тарчума кунад
далели зохиров қаноатбахш нест. мегуфд ки дар ислом равияҳои гуногун аст, ки асоси ихтилофро фароҳам меоранд. аммо ихтилофи сиёси чи. оё дунёи имруз аз ихтилоф хаст. мактабҳои гуногуни ҳуқуқи аз чи маншаъ мегиранд ю онҳо бунёдан як чизанд ё хайр. сосиалистҳо, деморкратҳо, либералҳо нестанд ки мафкураи сиёси ва ичтимоиашон гуногун аст. зоировро дар парлумон чизе ваъда доданд. агар мегуфт наҳзатиҳо бо роҳи нодуруст исломро истифода мекунанд. ин гапи дигар. ё аз ҳиси диндории мардум суд меҷуянд. шояд дуруст мебуд. ҳар ки дар сиёсат бо роҳи маъмул суд меҷуяд ку. дар ин байн як чиз эътирофи ҷавонмардона аст. ислом пок, сиёсатҳо нопок. инаш аҷоиб каси дигар чунин мегуфта бошад
Ман фикр мекунам, ки агар Зоиров Куръони Каримро хуб медонист, яъне тарчумаи онро мефахмид у чунин хулоса намебаровард. "Дини ислом як чизи мукаддас аст" , балле Куръони азим хамчун дастури конунхое мебошад, ки дар асоси илму фарханг, адолат, поки, осоиштаги, дустдории халк, хурмату эхтироми тарафайн ба рох монда шудааст. Агар такя ба Куръони карим зиндаги ва фаъолият кунем мо яке аз давлатхои пешрафта мегардем на баръакс. Рахмат ба диккататон!

Шояд шумо суол ё назаре доред?