Сеюмин варзишгари тоҷик дар Олимпиада шикаст хӯрд

Олим Қурбонов, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқоти шиноварӣ аз рӯи барономаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ чаҳорум шуд.

Ҳамин тариқ, Олим Қурбонов аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот ва идомаи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гашт.   

Нарзуллоҳи Латиф, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ аз шаҳри Рио-де Жанейро мегӯяд, Олим Қурбонов дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод, ки рӯзи 11 август дар Қасри шиноварии олимпии Рио-де-Жанейро баргузор шуд, дар гурӯҳи худ дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 25,77 сония мақоми чорумро касб кард. Дар ин гурӯҳ Ҳилол Ҳамид аз Танзания бо натиҷаи 23,70 сония ғолиб шуд.

Умуман, дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ҳамагӣ 85 шиновар ширкат дошт. Олим аз 23 нафари онҳо пеш гузашт ва дар ҷойи 62-юм қарор гирифт.

Дар мусобиқоти интихобӣ Андрей Говоров аз Украина бо натиҷаи 21,49 сония ҷойи аввалро гирифт. Натан Адриан аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо натиҷаи 21,61 сония дувум ва ҳамватанаш Антони Эрвин бо натиҷаи 21,63 сония севум шуданд.

Зимнан, Олим Қурбонов, ки дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, имсол мактаби миёнаи рақами 8-и Душанберо хатм карда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шудааст.

Олим Қурбонов сеюмин варзишгари тоҷик мебошад, ки аз идомаи сабқат дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро маҳрум мешавад. Пеш аз ӯ муштзан Анвар Юнусов ва дзюдочи Комроншоҳи Устопириён дар сабқати олимпӣ шикаст хурда буданд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио-2016

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, дар вазни +100 кг

12 август, шиноварӣ

Анастасия Тюрина, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон

15 август, варзиши сабук

Кристина Пронженко, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод Назаров

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?