“Шабе дур аз Ватан” Тоҷикистонро дар ҷашнвораи байналмилалии театрии Қазоқистон намояндагӣ мекунад

Намоишномаи театри давлатии Ҷовонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов “Шабе дур аз Ватан” дар шашумин ҷашнвораи байналмилалии “Қазоқистон-дили Авруосиё” ширкат мекунад.

Ин ҷашнвораи байналмилалӣ рӯзи 22-уми октябр оғоз ба кор кард. Абдулмумин Шарифӣ, ҳунарманди варзида, ки дар ин намоишнома нақши асосиро иҷро мекунад, хабар дод, ки “Шабе дур аз Ватан” тибқи барномаи ҷашнвора рӯзи 25-уми октябр, соаи 15: 00 дар толори театри шаҳри Талдиқурғон намоиш дода мешавад.

“Шабе дур аз Ватан” аз ҷумла намоишномаҳои маъруфи театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷорн Воҳидов буда, онро коргардон Нозим Меликов бар ашъори шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир таҳия кардааст. Нақшҳои асосиро дар намоиш Моҳпайкар Ёрова, Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов иҷро мекунанд.

Бино ба хабари дафтари матбуотии вазорати фарҳанг ҳайати панҷнафараи театрро дар Қазоқистон директори театри мазкур, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толиб Бобоев роҳбарӣ мекунад.

Маврид ба таъкид аст, ки “Шабе дур аз Ватан” то кунун дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалии театрӣ ва озмунҳо дар Федератсияи Русия, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон иштирок намуда, соҳиби дипломҳо ва ифтихорномаҳо гардидааст.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?