Шаби гузашта боз заминларзаи 5 - баллӣ шарқи Тоҷикистонро такон дод

Шаби гузашта як заминларзаи 5 - баллӣ бо ҷадвали 12-баллии Рихтер дар минтақаи куҳҳои Помир шарқи Тоҷикистонро такон дод.

Маркази зилзиласанҷии ИМА замони ҳодиса ба вақти маҳаллӣ соати 00:37-и 14-уми январ сабт кардааст. Маркази заминларза дар 46 километрии Қароқул воқеъ мебошад, ки 196 км аз Хоруғ ва 381 км дур аз Душанбе аст.

Чанд дақиқа пештар аз ин, дар соати 00:18-и 14-уми январ дуртар аз ин минтақа дар Кугаи Чин заминларзаи 5,6 баллӣ тибқи ҷадвали Рихтер сабт шудааст. 

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?