Шаҳрдори Душанбе ба кормандони милитсия 15 нақлиёти нав туҳфа кард

Шаҳрдори Душанбе ба кормандони милитсия дар пойтахт 15 адад автомашинаҳои тамғаи “Шкода-Актавиа”-и барориши соли 2016 тақдим намуд.

Аз дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе ба TojNews иттилоъ доданд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр дар арафаи иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин туҳфаро ба кормандони милитсия супоридааст.

Манбаъ мегӯяд, Раиси шаҳр ба кормандони милитсия дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе изҳори миннтадорӣ намуда, ҳамчунин аз ҷой доштани савдои кӯчагӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

-Новобаста аз ин Маҳмадсаид Убайдуллоев  таъкид намуд, ки то ҳол дар шаҳр тартиботи ҷамъиятӣ ба таври зарурӣ таъмин нест ва савдои кўчагӣ дар гўшаву канори пойтахт, бахусус дар истгоҳҳои нақлиётӣ  ба мушоҳида мерасад, ки бартараф намудани он пеш аз ҳама вазифаи кормандони милитсия мебошад,-мегӯяд манбаъ.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?