Шаҳри Душанбе дар иҷрои нақшаи даъват аз ҳама қафо мондааст

Дар давоми беш аз 10 рӯзи маъракаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 50%-и нақшаи даъват иҷро шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, дар даъвати наваскарон Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон  пешсаф буда, шаҳри Душанбе дар охир қарор доранд.

Ҳамин тавр то ҳол нақшаи даъватро ВМКБ 82%, Суғд 63%, Хатлон 47% ва ноҳияҳои тобеи марказ 38% иҷро кардаанд. Дар шаҳри Душанбе то санаи 11-уми октябр нақшаи тирамоҳии даъват ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ ҳамагӣ 28% иҷро шудааст, ки нишондиҳандаи аз ҳама паст дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар Вазорати мудофиа мегӯянд, то имрӯз ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Рӯшон, Мастчоҳ, Истиқлол, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Носири Хусрав, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳрҳои Истиқлол ва Сарбанд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом мекунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?