Шарҳи Кумитаи ҷавонон дар бораи даромади сайёҳон

Дар шаш моҳи аввали соли равон сайёҳон ба иқтисоди Тоҷикистон наздики 82 млн. доллар маблағ ворид карданд.

14-уми Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, маблағи воридкардаи сайёҳон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 млн. доллар зиёдтар аст.

Ба қавли ҷаноби Абдуллозода, дар шаш моҳ ба кишвар қариб 210 ҳазор сайёҳ омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз зиёд аст. 

Дар Кумитаи ҷавонон мегӯянд, дар ин давра барои ҷалби сайёҳон 439 чорабинӣ гузаронида, 35 ҳазор маводҳои таблиғотӣ нашр кардаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?