Шарҳи Шӯрои уламо дар бораи намоз хондан дар паси имоми масҷидул Ҳаром

Шӯрои уломои Тоҷикистон мегӯянд, ки имомони имомони масҷидул- Ҳаром дар Макка ва масҷиди набавӣ дар Мадина пайравони мазҳаби Ҳанбалӣ буда, дар паси онҳо намоз хондан мушкиле надорад.

9-уми апрел сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ин шарҳро дар посухи суоли як корбар пешниҳод кардааст. Як нафар бо номи Суруш аз Шӯрои уламо пурсидааст, ки “баъзе нафарон мегӯянд, аз сабаби пайравони дигар мазҳаб будани имомони масҷидул-Ҳаром дар Макка ва масҷиди набавӣ дар Мадина аз паси онҳо намоз хондан дуруст нест. Оё ин гап ягон асосс дорад ё не?”.

Дар посухи ин суол дар Шӯрои уламо гуфтаанд:

“Пайрави дигар мазҳаб будани мусулмонон барои аз паси онҳо намоз нахондан сабаб шуда наметавонад. Имомони масҷидул- Ҳаром дар Макка ва масҷиди набавӣ дар Мадина пайравони мазҳаби Ҳанбалӣ ҳастанд, ки ин мазҳаб яке аз мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Бинобар ин ба онҳо иқтидо карда намоз хондан мушкилиеро ба вуҷуд намеорад. Баръакс ба он ҷойҳои муқаддас рафта, дар дигар ҷойҳо намоз хондан хатогии калон аст, зеро савоби як ракъат намоз дар Масҷидул-ҳаром баробар ба 100 ҳазор ракъат ва як ракъат намоз дар Масҷиди набавӣ баробар ба 1000 ракъат намоз  мебошад”.

Copyright © 2016 TojNews

Назарҳо

О чихел шумо мегуед ки арабхо салафианд ва холо ханбали шуданд? Ё шумо хам мисли шиахо такия мекунед? ЭЭЭЭЭ нав фахмидем Шурои уламо шиа будаанд? Хай то имруз барои чи мардумро фиреб мекардед?
салом миллати точик эмом ҷамоатҳои Макка ҳаммашон салафи ҳастан, чаро шурои уламо инро намегуянд ё намедонанд. туҳмат ба эмомони Макка назанед лутфан. онҳо салафи ҳастанд.
Дар маросими хач домулло хикматулои точикободи аз паси эмомони харамайн намоз нахонда ва фатво дода буд ки аз паси онхо иктидо дуруст нест...???
моми масчидулхаром салафи аст...шурои уламои мора шармш омад инро гуфта натавонист. чунки махс бо маслихати хамин шурои уламо рейди салафихо ташкил шудааст да точикистон...
Шурои дарбориён шумо монед мардум дар ҳамин ватани худашон намоз хонанд Худоро шукр мекунем! Акун чӣ шудаст, ки боз нақшакашӣ доред барои он кишварҳо!
Шумо аввал масъалахои даруни точикистон оиди намоз гузориро халлу фасл намоед баъд метавонед берун аз марз масъала кушои кунед¡!!!!!!!!!!!!;!!
Агар имоми масҷиди ҳаром дар бораи макон доштан ва соҳибҷисм будани Худо эътиқоди ошкоро дошта бошад, дар пасаш намоз хонда намешавад. Ҳамчунин агар имоми мавсими заҷ аз Макка бошад, дар Арафот намози қаср хонад, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар пасаш намоз хонда намешавад. Хулоса, дар паси имоме, ки ба равияи шиа, салафӣ ва дигар равияҳои бидъатӣ пайравӣ мекунад, иқтидо ҷоиз ҳаст, модоме бидъати вай куфр набошад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?