Шартномаи $25 млрд-ии Эрону Фаронса барои хариди 118 ҳавопаймои Airbus

Эрон ба маблағи 25 миллиард доллар аз Фаронса 118 ҳавопаймои Airbus мехарад.

28-уми январ зимни сафари кории Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон ба кишварҳои Аврупоӣ шартнома барои хариди 118 ҳавопайморо ба имзо расондаанд. Сафари Рӯҳонӣ сафари бесобиқаи корӣ ба Аврупо арзёбӣ шудааст.

Шартномаи 25 миллиард долларӣ пас музокироти Рӯҳонӣ бо Франсуа Олланд, президенти Фаронса расонаӣ шуд. Франсуа Олланд гуфтааст, ки муносибот бо Эрон бастагӣ ба Теҳрон дорад, ки то чи ҳад ба тавоффуқоташ дар бораи созишномаи ҳастаӣ пойбарҷо мемонад. Рӯҳонӣ гуфтааст, ки кишвараш ба аҳдаш вафо мекунад.

Ба ҷуз тафоҳумномаи хариди ҳавопаймо дар бораи бозгашти ширкати худравсозии Пежо ба бозори Эрон ва бозгашти ширкати нафтии Тотал ба Теҳрон суҳбатҳо шудааст.

Дар маҷмуъ миёни Эрон ва Фаронса 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ҳасани Рӯҳонӣ пас аз Италия вориди Фаронса шуда буд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?