Шавкат Мирзиёев ҷойгузини Ислом Каримов таъин гардид

Шавкат Мирзиёев, сарвазири Узбакистон иҷрокунандаи вазифаи Президенти ин кишвар таъйин гардид.

Тибқи моддаи 96-и Конситутсияи Узбакистон  раиси Маҷлиси миллӣ (Сената Олий Мажлиса) то 3 моҳ кишварро идора мекунад ва дар ин муддат бояд интихоботи Президентӣ баргузор карда шавад. Аммо роҳбарии Маҷлиси миллии Узбакистон  Неъматулло Юлдошев номзадиашро пас гирифт.

8-уми сентябр дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Узбакистон ҳамчунин муайян шуд, ки моҳи декабри соли равон дар ин кишвар интихоботи президентӣ баргузор мегардад.

Шавкат Мирзиёев 24-уми июли соли 1957 дар ноҳияи Зоомини вилояти Ҷиззах таваллуд шуда, 58 сол дорад. Вай солҳои гуногун дар вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах ҳоким буд.

Соли 2003 Уткир Султоновро дар вазифаи сарвазирӣ иваз намуд ва инак муддати 13 сол дар ин вазифа кор мекунад.  

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?