Шайх-ул-Азҳар: Шиаёну сунниҳо ба ихтилоф не, ба ваҳдат ниёз доранд

Шайх-ул-Азҳари Миср Аҳмад Тайиб дар мулоқот ҳайати ҳукуматии Ироқ гуфтааст, ки барои ба куфр маҳкум кардани шиаён аз ҷониби мусалмонон ҳеч далиле аз Қуръону суннат ва Ислом вуҷуд надорад.

Ба иттилои харабгузории “ан-Нахил”- Ироқ , Шайх-ул-Азҳар дар дидор бо як ҳайати ироқӣ дар Миср мубоқилгузории афкору эътиқодоти ин ду гурӯҳи мусалмононро аз тариқи баъзе муаллифони барномаҳои шабакаҳои моҳвораӣ интиқод карда, гуфтааст: “ҳоло на ҳамчун арабҳо фарҳанги арабӣ дорем ва на ҳамчун мусалмон фарҳанги исломӣ.”

Ба гуфтаи Аҳмад Тайиб,  “гурӯҳҳое ба хотири эҷоди тафриқа ва низоъандозӣ дар олами ислом афкор ва эътиқодоти беарзишеро дунболагирӣ мекунанд, ҳол он, ки мо имрӯз нисбат ба ҳар вақту замони дигар ба ваҳдати мусалмонон ва тамоми кишварҳои исломӣ бештар ниёз дорем”.

Шайх-ул-Азҳар дар ин дидори худ гуфтааст: “ягон ихтилофе байни шиаёну сунниҳо вуҷуд надорад, ки аз Ислом онҳоро хориҷ кунад, ин ихтилофоти мавҷуда замони фурсатталабӣ ба хотири манофеи сиёсӣ аст.”

Шайх Аҳмад Тайиб эълон кардааст, ман шаҳри Наҷаф-маркази шиаёни Ироқро зиёрат хоҳам кард. 

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Радикалхо равед дарси ибрат гиред.!

Шояд шумо суол ё назаре доред?