Шеъри Адибаи Азиз ба қаҳрамони Олимпӣ - Дилшод Назаров

 

Зиҳӣ, қаҳрамони ба ҳақ беназир, 

Назарзода Дилшоди рушанзамир!

 

           "Писари Ватан"

Яке достоне пур аз шодӣ аст,
Ҳама Тоҷикистон ба ободӣ аст. 
Яке гурд омад ба ҳайкал қавӣ,
Балад бо дарӣ буду бо паҳлавӣ. 
Варо ном Сӯҳробе аз Рустам аст, 
Варо ҷо ба тахту ба кохи Ҷам аст. 
Ки тоҷиктабор асту хусравнажод, 
Варо модар раҳи хусравонӣ кушод. 
Фурӯғе дамид аз замону замин, 
Сарои куҳан пур шуд аз офарин!
Нидое биёмад, сарлашкар аст,
Ки шери жаёни накуахтар аст.
Ба гурзе бузург омад он паҳлавон, 
Таҳамтан бихонданд фарзонагон. 
Даромад ба майдон яли хушҷабин,
Сари ҳар рақибаш бизад бар замин.
Дар он корзорон зафар мушкил аст,
Вале тан надодан шиори Дил аст.
Зи Эрону Турону Мозандарон,
Тамоми далерони рӯи ҷаҳон.
Ба теғу ба гурзу ба бозуи зӯр,
Садо омад аз гури Бахроми гӯр:
Худованд агар такягоҳи ту буд,
Дусад ҷангҷӯ кинахоҳи ту буд.
Наҷунбад на шоху на барги дарахт, 
Зи барфу зи борону аз боди сахт.
Бале! Ӯ ҳаким асту фармонраво,
Бале! Огаҳ аст аз тамоми наво. 
Барад дӯзахиро ба сӯи биҳишт,
Ба оби зараш номи ӯро навишт. 
Ба пешу қафо чархҳоро барад,
Ба ин тирашабҳо сапедӣ дамад.
Худоё, мабодо ба мӯяш газанд, 
Расад номи ӯ то ба авҷи баланд. 
Худованди Шаҳнома гар зинда буд,
Ҳама гурдофаридон сарафканда буд. 
Агар зинда будӣ хирадманди Тӯс, 
Ҳама хосу омаш шудӣ хокбӯс. 
Дирафши Хуросон ба боло кашид,
Шукӯҳи Ватан то самоҳо кашид!

Назарҳо

Ташаккури зиёд ба шоира Адибаи Азиз. Бисёр як инсони хоксору халим мебошанд. Таманно мекунем, ки хамеша чун харвакта сарбаланду пируз бошанд. Худованд нигахбонатон бошад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?