Шеваи нави андозсупорӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон наздик ба чаҳоруним миллион андозсупоранда дорад, ки минбаъд метавонанд ба таври ғайринақдӣ низ андозҳояшонро ба давлат пардохт кунанд.

Бино ба иттилои дафтари Бонки миллии Тоҷикистон, ин Бонк бо Кумитаи андоз ва ташкилотҳои қарзӣ лоиҳаи муштаракеро амалӣ кардааст, ки андозро давлат ба таври ғайринақдӣ низ метавонад қабул кунад.

“Бо роҳандозии иқдоми мазкур шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имкон пайдо кардаанд, ки 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта тамоми намуди андозҳоро бе ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ пардохт намоянд”, - мегӯянд дар Бонки миллӣ.

Тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон то имрӯз шумори андозсупорандагон аз ҳисоби шахсони воқеӣ 4 млн. ва соҳибкорони инфиродӣ беш аз 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, дорандагони кортҳои пардохтии НП “Корти миллӣ” беш аз 1,4 млн. нафар буда, 83 фоиз аз шумораи умумии дорандагони кортҳои пардохтиро ташкил медиҳанд.

Инчунин, андозсупорандагон имкон доранд, ки  тариқи онлайн дар сомонаи Кумитаи андоз низ аз ин хидматрасонӣ истифода кунанд.

Copyright @2018 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?