Шикасти аввалини “Истиқлол” зарфи се соли охир дар бозиҳои ҷумҳуриявӣ

Дар 15-умин даври бозиҳои қаҳрамонии футбол миёни тимҳои лигаи олӣ “Равшан”-и Кӯлоб бар “Истиқлол”-и пойтахт пирӯз шуд.

Бино ба гузориши сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозии ахир “Истиқлол” анъанаи бозиҳои бидуни бохти худ дар се соли охир дар доираи бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон шикаст. Ин бозӣ дар варзишгоҳи шаҳри Данғара баргузор шудааст ва “Равшан” ба ҳисоби 2:1 бар “Истиқлол” пирӯз шудааст.

Манбаъҳои хабарӣ мегӯянд аз оғози бозӣ футболбозони “Истиқлол” хеле камфаъолият буданд ва ҳатто дар марҳилаи охир дар ҳифзи мавқеъи худ ба иштибоҳоти хеле зиёд роҳ доданд.

Ин буд, ки бозингарони “Равшан” дар мавриде ҳуқуқи задани тӯпи ҷаримавӣ пайдо карданд ва ин тақдири бозиро ба фоидаи онҳо ҳал кард. Ҳамчунин манобеъи хабарӣ мегӯянд футболбозони пойтахт дар даври дуюм фаъолтар шуданд ва дар назди дарвозаи ҳарифи худ ҳолатҳои зиёдеро ба вуҷуд оварданд, ки хавфи задани тӯпи ҷавобӣ таҳдид мекард. Вале ҳамагӣ як маротиба барояшон муяссар шуд, ки дарвозаи Амир Ҳоҷимуродовро рахна кунанд.

Бозӣ шояд мусовӣ анҷом мешуд, вале дар вақти иловагӣ ҳимоягари “Равшан” Музаффар Назаров ба дарвозаи “Истиқлол” тӯби охир ва беҷавобро зад ва бо ҳамин пирӯзиро барои тими худ таъмин намуд. Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол дар ин се соли охир бо аввалин шикаст аз Данғара ба Душанбе баргашт.

Шояд шумо суол ё назаре доред?