Шикояти Баҳром Ғафурӣ аз асардуздии Фавад Улфат ва Таранум Сайид

Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи попи тоҷик, аз асардуздии сарояндаҳои афғон - Фавад Улфат ва Тараннум Сайид  шикоят дорад.

Баҳром Ғафурӣ дар суҳбат бо “TojNews” гуфт, ки Фавад Улфат ва Таранум Сайид таронаи «Ту нагӯ»-и ӯро, ки дар соли 2007 дар консерте бахшида ба ёдбуди Муқаддас Набиева бо Шабнами Сураё сароида буданд, бе иҷозати муаллифон ва бе ҳеч ишорае ба онҳо сароида, ҳатто номи ин таронаро тағйир додаанд.

Сарояндаҳои афғон Фавад Улфат ва Таранум Сайид сурудро бо номи “Ишқи ман” бозхонӣ кардаанд, ки метавон дар ин ҷо шунид:

 

 

Ғафурӣ мегӯяд: “Ман танҳо аз он шикоят дорам, ки моли маро аз худашон навиштаанд. Дигараш барои ман фахр аст. Як маротиба худатон гӯш кунед, муқоиса кунед, ки ман бо Шабнам чихел месароему онҳо чи хел”.

Ин аввалин маротиба нест, ки сарояндаҳои афғон сурудҳои Баҳром Ғафуриро бе иҷозат ва ишора ба муаллифи суруд сароида бошанд.

Соли 2014 Валӣ сарояндаи маъруфи афғон таронаи “Дар ин замона”ва “Духтари ҳамсоя бало”-и Баҳром Ғафуриро суруда буд.

Баъд аз шикояти Баҳром Ғафурӣ, Валӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ аз ҳамтои тоҷикаш узрхоҳӣ намуда буд.
Баҳром Ғафурӣ, соли 2011 ва 2014 дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-и Амрико ширкат намуда, бори аввал "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" ва дафъаи дувум “Беҳтарин сарояндаи мард аз Тоҷикистон” шинохта шудаст.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?