Шикояти ҳоҷиёни тоҷик аз фишорбаландӣ ва зуком дар Арабистон

Ҳоҷиёни тоҷик дар соли равон бештар аз бемориҳои фишорбаландӣ, дарди гулӯ, зуком ва амсоли он шикоят доранд.

Ба гуфтаи Асад Нуров, сардухтури мавсими Ҳаҷ-2016, ҳамарӯза ҳудуди 100-150 нафар ҳоҷиён ба нуқтаҳои тиббии мавсимӣ муроҷиат мекунанд.

Сардухтур мегӯяд, аз сабаби истеъмоли зиёди оби хунук дар дохил ва хориҷ аз ҳарам зоирон бештар ба дарди гулӯ ва маҳкамшавии гулӯ гирифтор мешаванд, ки вобаста ба ин гурӯҳи табибони мавсим корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Имсол ҳудуди бист табиб бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими Ҳаҷ-2016 ба хизмати ҳоҷиён сафарбар гардидаанд. Дар меҳмонхонаҳо 6 нуқтаи тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъоляит менамонд ва ҳоҷиён низ аз кори гурӯҳи табибон қаноатманданд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз ҳудуди 60 дарсади ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ расидаанд ва масъулин мегӯянд,  вазъи сиҳатии онҳо хуб аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?