Ширкати бостоншиносони ҷавони ИДМ дар дарсҳои мактаби байналмилалии тобистона

Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуминитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзҳои 11 – 17-уми июли соли 2016 дар мавзеи ёдгории кишоварзии Саразм – ёдгории меросии умумибашарии ЮНЕСКО Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ баргузор шуд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ифтитоҳии Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор Зикриё Акрамӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, ба бостоншиносони ҷавон комёбӣ орзу намуданд.

Манбаъ мегӯяд, дар кори Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон 26 олимони ҷавони ИДМ аз ҷумла 5 нафарӣ аз Федератсияи Русия, Молдова, Қазоқистон, 4 нафарӣ аз Арманистон ва Булорусия, 3 нафар аз Қирғизистон ва 11 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд ва муддати 7 рӯз дар ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ таҷрибаи корӣ омӯхтанд.

Сипас, дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ Конфронсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи “Дастовардҳои бостоншиносии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият”, сарвари экспидидсияи бостоншиносии шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои филология Лурйе Павел Борисович дар мавзӯи “Панҷакенти қадим – шаҳраки асрҳои 5 – 8 мелодӣ”, ходими калони илмии пойгоҳи бостоншиносиии Панҷакент – Саразм, номзади илмҳои таърих Шарофиддин Курбонов дар мавзӯи “Ёдгориҳои бостоншиносии Санҷаршоҳ дар асрҳои 5 – 7 мелодӣ”, мудири пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм Абдурауф Раззоқов дар мавзӯи “Саразм – ёдгории мероси умимиҷаҳонии ЮНЕСКО” сухан ронданд.

Меҳмонон дар баробари ёдгории таърихии қадимаи Саразм аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, оромгоҳи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ воқеъ дар деҳаи зебоманзараи Панҷрӯд, оромгоҳи Муҳаммад Башор ва музейи таърихии Лоиқ Шералиро дар деҳаи Мазори Шариф тамошо карданд.

Мақсади баргузор намудани Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон шиносоӣ бо таҷрибаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар минтақаҳои куҳсор, усули ҳифз намудани маҳалаҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии водии Зарафшон ҷараёни ҳафриёти ёдгории таърихии қадимаи Саразм буд.

Гуфтанист, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сеюумин бор аст, ки Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои узви ИДМ – ро баргузор менамояд.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?