Ширкати итолиявӣ хостори ихтисор кардани беш аз 800 корманди НБО “Роғун” шуд

Ширкати “Салини Импреҷило”, ки акнун масъули сохтмони НБО-и “Роғун” интихоб шудааст, сохтори феълии идораи сохтмони неругоҳро камсамар дарёфта, пешниҳод кардааст, ки Дирексияи сохтмонии НБО-и “Роғун” бо зиёда аз 800 кормандаш ихтисор гардад.

Бино ба маълумони мнобеи TojNews, ин нукта дар ҷаласаи машваратии маъмурияти неругоҳ бо намоядагони ин корпоратсияи сохтмонӣ садо додааст.

Сохтмончиёни итолиёвӣ сохтори Дирексияи сохтмониро, ки дар он ҳудуди 800 нафар зери роҳбарии Хайрулло Сафар кор мекунанд, як сохтори нозарур барои идора дониста, пешниҳод кардаанд, ки он барҳам зада шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Дирексияи сохтмонӣ теъдоди кормандони неругоҳ ва худи дирексияро сиррӣ нигоҳ медоранд. Ҳамчунин дар натиҷаи фаъолияти ин ширкат теъдоди ширкатҳои пудратчӣ, ки аз 60 адад зиёд буд, то беш аз 40 поин фуромадааст.

Итолиёвиҳо низоми мавҷудаи кандану захира кардани сангу шағал барои сарбанди неругоҳро, ки дар чандин майдони сохтмонӣ бо интиқоли садҳо ҳазор тонна сангу шағал солҳо боз идома дошт, низ мавриди интиқод қарор додаанд. Ба гуфтаи мутахассисини ширкат, ин шеваи кор серхарҷ буда, чизе беш аз усули “аз худ кардани маблағҳои ҷудошуда” нест.

Ширкат изҳори омодагӣ кардааст, роҳҳали инжинерии дигари интиқоли миллионҳо тонна сангу шағалро рӯзҳои наздик пешниҳод хоҳад кард. Бояд гуфт, пешниҳодоти мутахассисони “Салини Импреҷило” дар ҳоле сдо медиҳанд, ки сафари кории рӯзҳои наздик Президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун дар назар аст ва эҳтимол меравад ин масоил низ зимни вохӯриҳо мавриди баррасии Роҳбари давлат бо масъулини ин ширкат қарор гирад.

То лаҳзаи чопи ин хабар касе дар “Салини Импреҷило” ва ҶСК НБО-и “Роғун” ҳозир нашуд, ки ин масоилро расман шарҳ диҳад. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш байни Тоҷикистон ва Ширкати «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Назарҳо

Итолиёвиҳо рафта дар ҳамун ватани худашон ихтисор кунанд 800 нафар 800 оиларо нон медиҳад ба куҷо мераванд ин бечораҳо. Монед ҳамин Тоҷикони худамон созанд Роғунро. Ин ба аҳоли хело ёрдам мешад дар ҳамин вақти бӯҳрони иқтисодӣ.
Мухтарам хабар навис хабарро аввал аник намоед баъдан чоп кунед намешавад ки дуруг набарояд хабархои бе асоси дуругро чоп мекунед

Шояд шумо суол ё назаре доред?