Шодӣ Шабдолов дар бораи ғуломсозии миллат, бесаводии Нурӣ, таъсири НАТО, душмании Арабистони саудӣ ва яхдони “Помир” (Фошгӯӣ дар “Нигоҳ”)

Ин суҳбат як ҳафта қабл аз баргузории Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки дар пайи он Шодӣ Шабдолов, раиси бебадали ҲКТ аз вазифааш барканор шуд, сурат гирифта буд. 

Шодӣ Шабдолов, он вақт раиси ҲКТ, натиҷаи ин анҷуманро аз қабл медонист ва дар ин суҳбати ошкоро ба «Нигоҳ» гуфта буд, ки талош хоҳад кард, то дар симматаш боқӣ бимонад.

-То Анҷумани ҲКТ рӯзҳои башумор мондаанд. Ҳарчанд ба назар мерасад, ки коммунистон ҳоло асосан аз қишри нисбатан камбизоатанд. Дар ин вазъ ҲКТ чӣ ҳол дорад? Мухолифони раҳбарии шумо дар дохили ҳизб зиёданд?

-Аъзои ҳизби коммунист сарват надоранд, аммо олимони зиёд дорем. Қишри фаъоли ҷомеа, ки дар бахшҳои илм корҳои назаррас анҷом додаанд. Олимони ҷавон ҳам зиёд узви ҳизб гардидаанд. Ба иловаи ҳизб дар ҷомеа тарафдорони мо кам нестанд. Дар дохил ва беруни ҳизб ҳам мухолифони худро дорем. Мухолифони дохилҳизбӣ аз рӯзи аввалини Анҷумани ғайринавбатӣ баъди пошхӯрии  низоми шуравӣ ва КПСС буданд ва ҳастанд. Ин тоифа  ҳамчун  бемории саратон  дар ҳизб часпидаанд. Ба ғояҳо ва барномаҳои ҳизб мухолифанд, аммо аз ҳизб  ҳам намераванд. Ҳатто бар зидди ғояҳои марксистӣ ва ленинзманд. Ин саратонҳо чанд сол боз ихтилоф меандозанд ва бар зидди идеологияи марксистӣ ҳарф мезананд. Ҳатто шахсан зидди ман мебошанд.

-Пас чаро аз ҳизб хориҷ намекунед? Агар далели зидди ҳизб кор карданашон бошад, чаро то ҳол дар ҳизбанд? 

- Ду-се нафарро пеш кардем.  Далел ҳаст. Масалан, Ҷаббор Ҷаллолов мегӯяд аъзои ҲКТ аст, аммо зидди ормону мавқеи ҳизб фаъолият кард.  Қаблан, панҷ сол вакили ҳизби коммунист буд, ягон пешниҳод ва мавқеи ҳизбро тарафдорӣ накард.  Ҳамеша зидди мавқеи ҳизб райъ медод. Дар Сарқонун забони  русӣ забони муошират муқаррар шудааст. Дар вақти қабули қонуни дар бораи забони давлатӣ, мо пешниҳод кардем, ки забони рӯсӣ ҳам ворид карда шавад. Дастгирӣ накард. Зидди пешниҳоди коммунистон овоз дод. Пешниҳод кардем, ки роҳҳо пулакӣ нашаванд. Балки роҳи алтернативӣ бошад. Роҳ тавассути тунел пулакӣ ва роҳи болои ағба ройгон истифода шавад, то қарзӣ Чин аз пардохти роҳи пулакӣ баргардонда  шавад. На ин ки қарз, ба гардани набераву абераҳои мо бор гардад. Ӯ зидди ин пешниҳоди мо баромад. Ба болои ин, лоиҳаи тағйироти қонун дар бораи ҳизбҳо пешниҳод кардааст, ки агар дар дохили ҳизб мавқеъи марказии ҳизб ба як гуруҳи аъзо мухолифат дошта бошад, бояд ба вазорати адлия муроҷиат кунад. Яъне фраксия сохтан! Бо ин амалҳо куҷои ӯ коммунист аст? Дар як ҳуҷайрааш ҳам коммунистӣ  нест. Дигаронашро ёдовар  намешавам, дар Анҷумани дарпешистода мебинед.

-Собиқадорони ҳизби коммунист ва аъзои феълии он дар мансабҳои давлатӣ ҳам ҳастанд. Аммо мавқеъи коммунистии онҳо, садоқаташон ба ҲК ҳис намешавад, чаро?

-Чунки метарсанд, ки аз вазифаҳояшон ҳам мемонанд. Имкон надорад, даҳонашонро кушоянд. Агар кушоянд, тамом, аз вазифа мераванд. Бубинед, аъзои имрӯзаи  ҲХДТ куллия  аъзои  ҲК буданд. Ба истиснои онҳое, ки синнашон то 25-сола бошад. Вале мо ҳеч нигароние  надоштем, ки собиқ коммунистон имрӯз демократ шуданд. Мо аз ин хушамон  омад,  мо ҳамеша бо ҲХДТ ва ҳизбҳои дигар дар масоили ҳифзи арзишҳои умумимиллӣ, амнияти давлату миллат шарикем ва ҳадафҳоро татбиқ мекунем. Фақат дар атрофи масъалаҳои умумимиллӣ. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳарчӣ Президент гуфт, онро татбиқ ва дастгирӣ кунем. Ё раиси ҲХДТ гуфт, мо тарафдори он бошем. Мо ҳам дар ҳар як масъала ва қабули қонун мавқеи ҲК-ро дорем.

  -Анҷуман масъалаҳои махфӣ дорад ё рӯзномаи он ошкор аст. Масъалаи интихоби  раиси нави ҳизб ҳам аст?

- Не махфӣ нест. Яке аз масъалаҳоро  ёдовар шудед. Аввал гузориши оид ба фаъолияти панҷ соли охири ҳизб ва раиси он  аст. Гузориш медиҳем, ки дар порлумон, ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар чӣ кор кардем? Мо ҳар сол ба вазорати адлия оид ба фаъолият яксолаи ҳизб гузориш медиҳем ва то ба имрӯз ягон огоҳӣ нагирифтем. Дар Анҷуман ҳам вакилонро зиёд ташвиш намедиҳем, дар ду-се соат ҷамъбаст мекунем. Масъалаҳои дар рӯзнома пешниҳодшударо мушаххас таҳлилу баррасӣ мекунем, ки ҳамагӣ чанд соатро дар бар мегирад.  Дар гузориш  фишурдаи ҳисоботро  хоҳам гуфт. Масъалаи дуввум интихоби раиси ҳизб аст. Дар ҲК Анҷуман раисро интихоб мекунад.

-Фаъолони ҲК мегӯянд, ки Шабдолов монанд ба санги роҳи об шудааст, ки дар шароити кунунӣ ва талаботи сиёсати нав ба маҷрои ҳизб латма мезананд. Мегӯянд, бояд ки аз раисии ҳизб канор равад, ё ҳамчун раиси ифтихори боқӣ монад?

-Санги сари роҳи об нестам! Шумо аз авлоди мо огоҳ ҳастед. Ман аз авлоди Шириншо Шоҳтемур ҳастам. Модари Шириншо бо модари падари ман хоҳаранд. Аз як оила буданд. Сайфулло Абдуллоев, дуюмин шахсияти барҷастаи миллат, ки амаки мо мебошанд. Солҳо вазири кишоварзӣ  ва  саноат буданд. Ҳатто котиби якуми Сталинобод буданд. То инқилоби болшевикӣ дар армияи Русия кор кардааст. Он вақт сарбоз буд. Вақте Ҳокимияти шуравӣ омад бар зидди босмачиён мубориза бурд, он вақт ба Бадахшон тавассути куҳҳо босмачиҳо аз  Фарғона  ворид шуда буданд. Ин ду авлоди мо дар замони роҳбарии Ҷаббор Расулов сафед шуданд. Ҷаббор Расулов ба Бадахшон омад ва гуфт, ки инҳо гуноҳе  надоранд ва аз авлодои Шоҳтемур ва Абдуллоев пурсон мешавад, ки падари маро муаррифӣ мекунанд. Баъдан Расулов падари маро ба корҳои ҳизбӣ ташвиқ мекунад. Падарам дар соҳаи маориф  алоқамандии худро иброз дошта, мегӯяд, ки ҷойи ман маориф аст. Сипас маро ба корҳои ҳизбӣ ҷалб карданд ва бо тавсияи Комитети Марказӣ ва имзои  Расулов  се сол ба аспирантура ба Академияи Москав ба таҳсил  фиристоданд. Баъди хатми он, боз бо имзои Расулов маро ба Афғонистон ба кор фиристоданд. Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсумов ва Сайфулло Абдуллоев барои аз ҷумҳурии автономии ба ҷумҳурӣ табдил додани Тоҷикистон қурбонӣ шуданд. Роҳбарони пеш гавҳаршинос буданд. Вақте Ҷаббор Расулов вафот карданд, ҳатто як қолин наёфтем, ки зери тобуташ гузорем. Аз хонаи хоҳараш, ки дар ҳамсоягияш зиндагӣ дошт, як қолини куҳна ёфта овардем ва ҷасадашро гузоштем. Роҳбарони  коммунист дар фикри беҳбудии мардум ва давлат буданд. Ду костюм дошт, яке барои ҷаласаҳои Комитети Марказӣ ва дигаре  корӣ. Вай ба унвонии  Қаҳрамони миллии Тоҷикистон сазовор аст. Кадом роҳбар баъди нуҳ ордени Ленин гирифтан раис шуд? Ҳатто бояд ки ҳайкалашро сохт. Аввал бояд, ки Ҷаббор Расуловро Қаҳрамони миллат эълон мекардем. Моёншо Назаршоев, Меҳрубон Назаров ва дигаронро ҳамчун кадрҳои куҳистон Ҷаббор Расулов ба вазифаҳои роҳбарӣ овард.

-Хуб, пас шумо аз нигоҳи авлодӣ ҳоло ҳам кафолати раиси ҳизб буданро доред?

-Дусад дарсад дорам! Авлоди мо ҳама сиёстамадор ҳастанд. Дар сатҳи байналмилалӣ  шахсияти шинохта ҳастам. Дар Бейрут  тарконданд, ки коммунистҳо иштирок накунанд. Бар асари таркиш вазири корҳои дохилии ин кишвар нобуд шуд, ки мо тарсему аз сафар баргардем. Аммо ман рафтам. Гуфтам аз он ки дар бистари хоб бошам, беҳтар он аст, ки ба хотири ормонҳои ҳизб раваму мурам.

Дар Брюсел, Белгия, Ҳиндустон, ду маротиб дар Кореяи Шимолӣ, шаш маротиба дар Чин ва дигар кишварҳои аврупоӣ борҳо сафар карда ва суханрониҳо доштам. Агар даркор бошад, суханрониҳоро ба Шумо пешниҳод мекунам. Амрико  замони шуравӣ сафар карда будам. Тамоми амакҳоям  сад дарсад  аъзои ҲК буданд. Ягон авлодам хоин нест ва ягон раиси ҳизб ҳам дар бораи гузаштаи худ китоб нанавиштааст. Ман навиштам ва ба Шумо ҳам туҳфа мекунам. Ҳамаи авлодам сарсупурдаи ҳизби коммунист ва ормонҳои марксизм буданд ва  ҳастанд.

-Имрӯз ҲК чи теъдод аъзо дорад?

-Ҳамагӣ 45 ҳазор аъзои расмӣ дорем. Вале тарафдор ва ҳаводорон ҳам бениҳоят зиёд аст. Соли 1917 болшевикҳо ҳамагӣ 27 ҳазор буданд, аммо ҷаҳонро бидуни хунрезӣ такон доданд. Инқилоби болшевикӣ бидуни хунрезӣ пирӯз шуд. Дар ҳоле, ки он солҳо дар Русия ҳизбҳое буданд, ки доманаи 1 миллион аъзо доштанд. Аммо аз дасташон коре наомад. Болшевикҳо дар инқилоб пирӯз шуданд, роҳбарони хукумати вақтро зиндонӣ накарданд, гуфтанд, акнун вақти истироҳати шумо расид. Дар хона шинед. Ба истиснои марги як аскари болшевик, ки он ҳам дар танбаи одамон зери по монду мурд. Дар таърих инқилоби Фаронса пурфоҷиа ва хунинтарин ба ҳисоб меравад.

-Имрӯз фазои ҷомеа масдуд аст ва садои ҳизбҳои сиёсиву ҷомеаи шаҳрвандӣ шунида намешавад. Ҳис мекунед?  

-Мо ҳоло дар муҳосираи шоҳинҳои бо ном демократия ҳастем. Табиист ки онҳо бо роҳҳои хос таъсири худро ба мо мегузоранд.  Ироқу Сурияро, якеро барои роҳбари диктотурӣ ва дигареро бо айби ДОИШ бомбаборон кардаанд, дар Афғонистон демократия месозанд. НАТО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо тӯпу танк ва ракета демократия месозад. НАТО дар Афғонистон шикаст хӯрд, аммо бубинед, ки намеравад. Дар 12 километрии марзи мову Русия қарор гирифтааст. Барои миллати афғон демократияи Бушу Клинтон даркор нест. Ман чанд сол мушовири авали сафири Тоҷикистон дар Афғонистон будам, зовияи ин миллатро хуб медонам. Медонед барои чи НАТО аз минтақа намеравад? Барои он, ки амнияти Тибиту Кашмиру Ҳиндустону Чин бо ҳам занад. Мақсади асосии НАТО ноором кардани кишварҳои Осёи Марказӣ аст ва ҳамин тавр пояшро ба Русия халонад. Саромоягузораш дар ин траҳ Арабистони Саудист. Дар пушти созмонҳои террористӣ ҳам Арабистони Саудӣ меистад. Мо мухолифи сармоягузории ин кишвар нестем. Арабистон аст, ки бинияшро дар ҳамаи кор мехалонад. Худо накарда, НАТО дар ду кишвари Наздибалтик дастгоҳҳои мушакишона насб кунанд, дар ду дақиқа ба Санкт-Петербург бомба меафтад. Ман зидди НАТО мавкеъи ошкоро баён мекунам. Тақсири ноамниҳо аз НАТО ва ИМА аст. Шайхҳои араб мегӯянд, ки мо алҳамдулилоҳ мусалмонем, аммо зидди мусалмонҳои ҷаҳон рафтор мекунанд.

-Аз раисии ҳизб рафтани шумо ҳам таъсири НАТО аст?

-Сад дар сад аст. Барои манро аз раиси ҳизб барканор кардан ҳам фишори НАТО ва Арабистони Саудӣ ҳаст. Ман дар ҳамаи ҷо зидди сиёсати арабҳо ҳарф мезанам. Арабистони Саудиро ба ғайр аз мо касе танқид намекунад. Мо ҳам алҳамдлилоҳ мусалмонем!

-Дар бораи мамнуъ шудани ҲНИТ ва террористӣ эътироф шуданаш чӣ назар доред? Фикр намекунед, ҳизби Шумо низ ба чунин тақсир рӯ ба рӯ хоҳад шуд?

-Биёед, ошкор ҳарф занем. Ба Шумо ошкор мегӯям, зеро медонам, ки ҳеч кас ҷуръати ошкор гуфтани ин масъаларо ба  Шумо надорад. Худобиомурзӣ Абдулло Нурӣ он қадар саводи сиёсӣ надошт.  Маҳмадшариф  Ҳимматзода ҳам чандон ба сиёсат ва қонун сарфаҳм намерафт. Вақте байни мухолифин ва ҳукумат Созишномаи  сулҳ баста шуд ва рӯйирост ба модаи 28-и Сарқонун тағийрот дароварданд, дар кишвари дунявӣ фаъолияти ҳизби исломиро иҷозат доданд. Сарқонун таҳти роҳбарии Нурулло Ҳувайдуллоев ва гуруҳи корӣ таҳия шуда буд. Он вақт ба Нуриву Ҳимматзода гуфтам, ки кори хато кардед, ки тағйирот даровардед. Дар давлати дунёвӣ ҳизби динӣ ҳуқуқи фаъолият кардан надорад. Гӯиё дар Тоҷикистон дини ислом аз байн рафту акнун як гуруҳ бо номи ҳизби наҳзат исломро аз сари нав эҳё мекунанд. Ҳатто ҳизби аттеистӣ ҳаққи фаъолият надорад. Агар атеизм дин бошад, пас коммунистон киҳо ҳастанд? Мо тарафдори аттезим  нестем, материализм будем ва мемонем. Материализм аз атеизм фарқ дорад. Ҳатто Ленин гуфта буд, ки агар Поп тарафдори барномаи болшевикон аст, қабулаш кунед. Дигар фарқ надорад, ки Поп калисо меравад, ё ҷойи дигар. Чӣ коре мекунад, кардан гирад. Мардуми мо ҳама мусалмон аст, чӣ лозим буд ба ҳизб номи ислом? Чаро дар Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон номи ҳизбашро калимаи ислом намемонад? Зеро онҳо мардумони пухта ҳастанд, аз ночориву бесаводии мардумашон суйистифода намекунанд.

-Ба наздикӣ бархе аз корҳонаҳои азими давлатӣ хусусӣ карда мешаванд, дар ҳоле, ки мо таҷрибаи тахли хуссуимгардониро аз сар гузарондем. Солҳои наздик фурудгоҳ ҳам хусусӣ карда мешавад. Дар Тоҷикистон кӣ ҷуръати харидани ин корхонаҳоро дорад? Ё офшорҳои дохилӣ, ки маъмулан маблағ ва муаррифии худро пинҳон нигоҳ медоранд, қасди харидан доранд?

-Аслан дар замони шӯравӣ сартарошро бо ҳамон шонааш ва атри 20 тинааш ба саноат дохил карданд. Яъне ба бахши маишии саноат. Самбусапаз, сартарош дар бахши саноат чӣ лозиманд? Саноат аз захираҳои энергетикӣ, об ва хоҷагии қишлоқ иборат аст. Дар замони шуравӣ корхонаи «Помир» яхдон истеҳсол мекард. 1300  коргар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буд. Дар як рӯз 420 ва дар як сол 153 ҳазор яхдон истеҳсол мешуд. Танҳо мотор, ё муҳаррикаш аз Белорусия оварда мешуд. Яхдони босифат ва бо нархи дастрас истеҳсол мешуд. Аз алюминийи тозаи худи буд, на ин ки пластмасӣ монанди яхчолхои имрӯзаи истеҳсоли хориҷӣ ки бо нархи гарон мехарем. Як қисми аҳолӣ имкони харидории яхчолро надорад, зеро гарон аст.

Дар хонаи ман яхчоли «Помир» -ро  40 сол аст, ки кор мекунад фақат разедкаашро иваз мекунем. Маош ба нархи бозор рост намеояд.   Ҳатто вазиру деҳқон аз ҳамин яхчол доштанд. Кишварҳои  ҳамсояи мо  Афғонистон, Эрон ҳам истифода мекарданд. Ҳоло чӣ? Корхонаро хусусӣ кардем, ҳамаро гуфтем  «чор тарафат қибла», ба гастарбайтерӣ фиристодем. Таҷҳизоти онро металл гуфта фурӯхтанд. Касе назорат накард, ки охир инро хариди, ки обод кунӣ, чи кор мекунӣ? То ҳол касе намепурсад. Гӯё дар Русия барои мо ҷойи кору маблағ тайёор асту мегирем, меоем. Магар хусусигардонӣ ин аст? Ин ғасб кардани моликияти ҷамъиятӣ, аз тарафи як гуруҳ коҷоқчиён мебошад. Дар Конибодом  корхонаеро медонам, ки  2 ҳазор коргар дошт ва 60 дарсад занҳо буданд. Хусусӣ кардем, таҷҳизоташро металлолом гуфта фурӯхтанд. Даҳҳо миллион сомонӣ ба ҷайби як нафар, ё як гуруҳ ворид шуд. Давоми хусусигардонӣ ҳам ҳамин мешавад, ё барқу хизматрасониҳо гарон мешаад. «Талко» ҳам фурӯхта мешавад. Ягон кишвар ва ҳукумат миллати худро ғулом намекунад ва ба гастарбайтерӣ намефиристад. Корхонаҳоро баном хусусӣ карда ба чанд тоҷири худӣ мефурӯшанд ва бо ӯ тоҷик дар фикри гаронтар фурӯхтанӣ корхона дар шакли таҷҳизот, ё кулан корхона мешавад. Ин хусусигардонӣ аст? Хоҷагии ба номи Миралӣ Маҳмадалиро хусусӣ кардан кори нодуруст буд. Хоҷагиҳои хурд-хурдро хусусӣ кардан шояд  дуруст буд.

-Гӯиё ин хусусигардонӣ яке аз шартҳои асосии Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки ба Тоҷикистон донорӣ мекунад?

 

Бонки Ҷаҳонӣ ва Асъор моро ба қарз ғӯтонданд. Инҳо аждаҳоранд, ки кишварҳоро муфлис мекунанд. Кишварҳое, ки бо тавсияҳои инҳо кор накардаанд ва ба хотири пул ва кисаи ду-се нафар аз инҳо дастнигари пул набуданд, муфлис нашуданд. Балки бо қувваи худӣ худро ҳифз намудаанд.

Дар масъалаи хусусӣ кардани фурудгоҳи байналмилалӣ, масъалаи фурӯхтани он аз соли 2003 мечархад. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ҶСКХ «Барқи тоҷик» ва КВД «Роҳи оҳан» фурӯхта шаванд, яъне нест мешаванд! Соли 2003 дар масъалаи ба фурӯш гузоштани фурудгоҳ аз Швейтсария омада буданд, мо вохӯрдем. Ман гуфтам, ки агар фурудгоҳро фурӯшед, бахши хизматрасонӣ, ҳавопаймоҳо ва фурудгоҳ алоҳида мегардад. Он гоҳ кӣ кафолати таъмини амнияти парвозҳоро медиҳад? Шведҳо гуфтанд, ки дуруст ин комплексӣ ё маҷмаавӣ аст, онро фурӯхтан иштибоҳи калон аст, набояд тика –тика шавад. Роҳи оҳан шоҳраги давлат аст. Магар давлат шоҳраги худро мефурӯшад? Роҳи автомобилӣ рагҳои дигари шоҳраг аст. Роҳҳои муфлис кардани Тоҷикистон аз ҳамин бахшҳо сар мешавад. Мо-ку марҳллаҳои муфлисшаии зиёдро пушти сар кардем, нуқтаи охиринаш ҳамин аст. Муфлисшавӣ аз ин зиёд шадид намешавад.

-Аз вазъи иҷтимоии мардум огоҳед?

Бале, азъи иҷтимоии мардум бениҳоят паст аст. Мардум 150 сомонӣ нафақа мегирад. Вакили порлумон 400 сомонӣ нафақа дорад. Русия муҳоҷирони моро бо ҳар роҳ берун карда истодааст, тобути онҳоро меоранд. Магар ин бад нест? Ҷойи кор нест дар дохил.

-Дар бораи Ваҳдат чи назар доред?

-Ман тарафдори онам, ки Ваҳдати миллӣ ном дошта бошад. На ин ё он тараф. Президент ҳам эълон кард-ку, Ваҳдати миллат буд. Ба ин розиям. Агар мо як миллат бар зиди ягон аҷнабӣ меҷангидем, масъалаи тараф пайдо мешуд, ҳарфи дигар буд. Миллат миллатро кушт! Мо худамон гунаҳкорем. Барои ҳамин, оне ки аслиҳа дошт ва хун рехт, садқаи ваҳдат шавад. Ақли солими миллат ғалаба карду кишварҳои боақлтар моро маҷбур карданд, ки сулҳ кунем. Ташаббуси ваҳдат кардан, сулҳ кардан, воқеан аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон сар шуда буд. Даҳҳо ҷо рафт. Талош кард, инро бояд мардона иқрор шуд! Касе инро рад карда наметавонад.

Суҳбати Меҳрбону ОРИФӢ 

Бознашр аз “Нигоҳ” №15 (498). Чоршанбе, 13-уми июли соли 2016

 

 

 

 

 

Назарҳо

Бехтарин суханрони банда хамчун як фарди Ин чомеьа фикрхои Шоди Шабдолов рохбари собик ХК ро дастгири мекунам.пештар ба Ин хизб онкадар ахамият намедодам вокеан маьлум шуд ки фикрхои хуб доранд.
Ахсан Шоди Шабдолов фикрхои солим доред.
ИН ТАБИАТИ МАРДУМИ МО БУДААСТ Ё ЧИЗИ ДИГАР,КИ ХАТТО ШАБДОЛОВ ХАМ АЗ ИН ИСТИСНО НАБУДААСТ,КИ ХАР КАСЕ БА ХОТИРИ МИЛЛАТ ВА МАРДУМ, СУЛХУ ВАХДАТ, ОРОМИВУ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТУ КИШВАР АЗ ХАМА ЧИЗАШ ГУЗАРАД ГУЗАШТ КУНАД , БАЪДАН ЯК ИДДА ПАЙДО ШУДА ХАТТО АЗ ЗУМРАЙ БО НОМ ЗИЁИЁНУ РАВШАНФИКРОН ЧУНИН БАЁН МЕКУНАНД ,КИ МАСАЛАН НУРИ Ё ХИММАТЗОДА САВОДИ СИЁСЙ НАДОШТАНД.... ХОЛО БА ЯК ЧИЗ МАН САРФАХМ НАМЕРАВАМ ЧАНОБИ ШАБДОЛОВ, КИ АГАР НУРИ САВОДИ СИЁСЙ НАМЕДОШТ БА ХОТИРИ ОРОМИИ МИЛЛАТУ КИШВАР ГУЗАШТ МЕКАРД??? ХАМЧУНОНЕ,КИ АЗ МУСОХИБААТОН ПАЙ БУРДАМ ХЕЛЕ ДИЛАТОН МЕХОСТ,КИ БОЗ ХАМ РАИСИ ХИЗБ ИНТИХОБ МЕШУДЕД. ОЁ ДУБОРА ИНТИХОБ НАШУДАНАТОН БА РАИСИИ ХИЗБРО БА САВОДИ КОФИИ СИЁСЙ НАДОШТАНАТОН МАРБУТ БИДОНЕМ Ё ЧИЗИ ДИГАР??? ШУМО ГУФТЕД,КИ БАРОЙ ВАХДАТ ЭМОМАЛИ РАХМОН КОРХОЙ ЗИЁД КАРДААСТ,ВАЛЕ ХАМИН ХЕЛ НАГУВУ КАНДАТРО ХУР РАФИК ШАБДОЛОВ))))))
Агар Нуриро дар сиесат бесавод шуморад, худаш дар иктисодиет бесавод аст. У хатто намефахмад ки чаро заводу фабрикахо баста шуданд. Барои он баста шуданд, ки ба махсулоти онхо талабот нест. Он заводу фабрикахо барои бозори дохилии СССР махсулот истехсол мекарданд. СССР мурд, заводу фабрикахояш хам мурданд.
Бародар, саводи сиёсӣ аз савод фарқ дорад. Нурӣ саводи сиёсӣ надошт, соли 1990 дар бораи ҳизби сиёсӣ тасаввурот пайдо кард. Таърихи ҲНИТ-ро таҳқиқ кунед. Ҳатто ӯ ваҳҳобияро намедонист, ки чист. Агар бовар надоред, китоби "ҲНИТ - зодаи ормони мардум"-ро, ки соли 2003, ба мунсобитаи 30-солагии ҲНИТ чоп шудааст, хонед хоҳед фаҳмид. Дар ҳамон китоб мусоҳибаи Нурӣ ҳаст. Баъдан, сулҳ ҳам таҳмилӣ буд, на Нурӣ сулҳ кардан мехост, на Раҳмон. Русия, Афгонистону Эрон онҳоро маҷбур карданд. Инро ахиран, Нуралӣ Давлат пурра навишт, ҳарчанд чанд сол қабл Давлат Усмон дар мусоҳиба Султон Ҳамад ҳам ба ин масъала таъкид карда буд. Инсон набояд эҳсосӣ ва ё шахспарасту чокар бошад. Нурӣ, воқеан, талоши ҷиддӣ кард барои тоза кардани Ислом аз хурофот. Амалҳои ӯро дар ростои танзими анъанот ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар солҳои 2007 дарк кард, вале бояд иқрор шуд, ки устод саводи сиёсии кофӣ надошт ва онҳоро аз аввал то ахир фиреб доданд!
Шояд шумо суол ё назаре доред? Гуфта навишта мондиян?????!!!!!!! Кормандони точнюз кучо шуд назару суолоти ман???? Чаро нашрашон намекунед????
Шабдолов шарм накарда боз сафсата мегуед. Агар ин хизби хакикй мешуд, СССР-а бархам намедод.
Сахми аввалиндарача оиди гуломсозии миллат худи Шабдолов аст. Дар бари рохбарони давлат вай балегуи онхо буд ва рохнишондех хам инчунин вай буд. Ба Худо шукр гуяд, ки як арзан вичдонашро боки гузоштааст, то назди мардум тавба кунад. Ин суханон аз тарафи Шабдолов, нишони хиради у нест, балки у гунохи худро як каме бошад хам дарк карда, акнун рохи тавбаро мечуяд. Меёфта бошад? Назди ки дигар тавба мекунад..?Махкамов ( бехтарин фарзанди миллат) даргузашт, аз халкаш чунон дур аст, ки садочш ба онхо намерасад. Метарсам ки бо як тавба назди рохбарони кунунии давлат, боз бо онхо хамнишин мешавад.
Инчо хеч кас ба эхсосот дода нашудааст ва шахспараст хам нест бародар беном! Инчо сухбат дар борай саводи сиёси надоштани шахсе меравад,ки хизби сиёси таъсис додааст ва чи шумо кабул кунед ё не яке аз чехрахой сиёсии матрах дар чахон аз Точикистоеюн аст.... Ва дигар сафсатахой бехуда чи лозим,ки саводи сиёси аз савод фарк дорад????? Хамин хел менависед,ки гуё устлди устодони раисони хизбхо бошед бародар))))))
О ин кадар босаводу пуравлод будаи,чаро вакте,ки дар Беловежский пуща Иттиходи Шуравиро бархам доданд шумоборин коммунистхо овоз баланд накардед?Рохбари шумоен Зюганов ва мисли шумо коммунистхо факт мансабталаб ва ...будед.

Шояд шумо суол ё назаре доред?