Шоъир Озар Салим ба Дилшод Назаров-ҷаҳонпаҳлавони Тоҷик

Дидем мо, ногаҳ дари устураҳо во шуд,
Ораш бурун омад аз он, бар қулла боло шуд.

Ораш? Бале, Ораш! Ҳамон гурде, ки зикри ў
Зеботарин як қиссаи матни « Авасто» шуд.

Ин бор ҳам садҳо ҳазорон чашм бар сўяш,
Ин бор ҳам як саҳнае баҳри тамошо шуд.

Ин бор ҳам бегуфтугў партоби зебояш,
Марзи ҷалолу эътибори миллати мо шуд.

Ин бор ҳам як наъраи шерона зад, аммо
Шукри худо, ки ҷон ба андомаш шикебо шуд.

Аз ашки шодӣ чашмҳои мо дар он соат
Ойинадори мадду ҷазри ҳоли дарё шуд…

З-устура берун омаду бори дигар Ораш,
Устура шуд, устураи имрўзу фардо шуд.

Назарҳо

Шуруъ шуд, корзори бузургнамоиву устурасози,ки хамон гуна,ки итизорашро доштем, мунодиву гардонандаи он як иддае бо номи шоиранд. Пирузии Дилшод шоистаи табрику тамчид аст. Ва аммо чаро бо ин хама шеърборони музхику пешипоуфтода заминаи судчуихои бемавридро дар кишвар калид мезанем? Дар Русия наздик ба 20 нафар талои улимпикро бо худ ба кишвар оварданд.Вале оё шунидаед,ки ки шоире дар ин кишвар банои тамчиду тавсифро аз рохи шеъру суханпарокани гузошта бошад. Бадтарин ва дуругтарин тавсифу тамчид шеър аст, чизе ки мутаассифоан дар билоди мо имруз аз харфу хадиси аксари шуарои мо бармехезад. Устурасозиву кахрамонправариву бузургтароши имруз вокеан моро бечора карда.

Шояд шумо суол ё назаре доред?