Шоҳҷоизаи “Дидор” насиби филм аз Афғонистон шуд (ВИДЕО)

Филми коргардони Афғонистон Ҷамшед Маҳмудӣ “Чанд метри мукааб ишқ” шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии синамои “Дидор”-ро соҳиб шуд.

Ин киноҷашнвораи байналмилалӣ, ки рӯзи 16-уми октябр ифтитоҳ шуда буд, дирӯз дар театри опера ва балетаи ба номи устод Айнӣ бу ҳузури густардаи ҷамъе аз ҳунармандон, адибон ва шахсиятҳои маъруф ҷамъбаст шуд.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҳамоиш филми коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов, “Мушкилкушо” чун беҳтарин филми тоҷикӣ эътироф гардид.

Филми коргадони рус Николай Котяш “Ҳар яке” беҳтарин филми кутоҳметраж дар ин ҷашнвора дониста шуд. Филми “Васияти падар”-и коргардонҳои қирғиз Бахит Микул ва “Достон Ҷапарнуул” соҳиби ҷоизаи мунаққидони синамо шуд.

Ҷоизаи вежаро ба филми коргардони арман Вага Геворгянс “Иди бузург” доданд. Дар нишасти охир ноиби сарвари ҳакамон, адиби Ҳинд Латика Падгаонкар гуфт, ки интихоби филми аз ҳама беҳтарин аз миёни қариб 80 филми пешниҳодшуда хеле мушкил буд. Мо ҳар рӯз 6-7 филм медидем ва онро арзёбӣ мекардем.

Билохира ба натиҷа расидем, ки “Чанд метри мураббаъ ишқ”-и коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудиро шоистаи шоҳҷоиза донем”,- гуфт ӯ. Ризо Киёниён, узви ҳайати ҳакамон аз Эрон гуфтааст, ки филми коргардони афғонро аслан бинандагон муайян карданд, чун аз миёни ҳамаи филмҳои намоишдодашуда ба бинандаҳо ин филм писанд омад.

Дар мавриди филмҳои тоҷикӣ Киёниён гуфт, ки ман бо филмҳои тоҷикӣ аз “Рустаму Суҳроб” ошно шудам, вале филми муосири тоҷикиро надидам. Аз миёни се филми дар ҷашнвора пешниҳодшуда “Мушкилкушо” беҳтарин буд. Маврид ба ёдоварист, ки дар ҷашнвораи навбатии «Дидор» 80 филм аз намудҳои гуногуни ҳунари синамоӣ ва гуногунсабк, ки шуморе барои озмуни байналмилалии филмҳои баланди достонӣ ва қисме барои озмуни филмҳои кӯтоҳи достонӣ; теъдоде барои «Панорамаи байналмилалии филмҳо: Гуфтугӯи фарҳанги Ғарб ва Шарқ», «Синамои форсизабонҳо - Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон» ворид шуда буданд. Ҳайати Доварони байналмилалӣ: Низом Қосим (Раис, шоир, нависанда, муаллифи чандин асарҳои драмавӣ, аз Тоҷикистон), Ризо Киёниён (ҳунарпешаи маъруфи синамо, Эрон), Латика Падгаонкар (киношинос, Ҳинд) интихоб шуда буданд.

Дар маросими пӯшида шудани ҷашнвора базми сурду мусиқиву шеър бо ширкати шоирони саршиносу ҳунармандони маъруф аз қабили Гулрухсор. Низом Қосим, Далер Назар, Нобовар баргузор шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?