Шукурҷон Зуҳуров ба Санк-Петербург меравад

Фардо, 17-уми май Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои ширкат дар кори иҷлоссияи баҳории байнипарламонии кишварҳои узви ИДМ ба Санк-Петербург хоҳад рафт.

Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, сафари Зуҳуров то 20-уми май идома хоҳад дошт.

Гуфта мешавад, ки дар кори ин ҷаласа роҳбарони як қатори созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Раиси Иттиҳои байнипарламонӣ Собир Ҷоудҳарӣ, Раиси Ассаблеяи Парламонии Шӯрои Аврупо Педро Аграмунт, Раиси Ассамблеяи парламонии Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо Илкка Каневра, Раиси Анҷумани парламонии Ҳамкориҳо Ширин Шармин, сарвари парламони Русия Сергей Наришкин ва дигарон ширкат хоҳанд кард.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар доираи ин ҳамоиш қарор аст ҷаласаҳои комиссияҳои доимии ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва эколожӣ, фарҳанг, иттилоот, ҷаҳонгардӣ ва варзиш, ҳуқуқи башар низ доир шаванд. Ҳамчунин дар ҳошияи ин чорабинӣ дидору мулоқотҳои дуҷониба сарварони парламонҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?