Шукурҷон Зуҳуров: Мо вакилон дар як сол 300 қонун қабул кардем!

Ҷараёни фаъолияти яксолаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум беш аз 300 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва тасдиқ гардиданд.

Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Порлумон зимни вохўрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа зикр кардааст. Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси Намояндагон , Шукурҷон Зуҳуров оид ба моҳият ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Сарқонун ёдовар шудааст.

«Омўзиш ва таҳлили пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Суди конститутсионӣ дар мавриди ин пешниҳод метавон натиҷагирӣ кард, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар ҳақиқат ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсияи мамлакат равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ созгор мебошанд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқист, ки ҳадафи он дифоъ аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад»-гуфтааст раиси порлумон.
 

Назарҳо

Шумо "вакилон" дар як сол 300 қонун қабул кардед ягонтоаш манфиати халқи тоҷикро ҳимоя накарда шароити некуаҳволии мардум руз ба руз бадтару вазнинтар шуда истодааст. Вой бар ҳоли миллати бекору муҳоҷир ки дар ғурбат фоҷиавӣ кушта мешаванд!
Мошо Аллох хело пешрави кардед бо ин коратон. Хаминро мегуфтед ки шумо вакилони ки мебошед? Лутфан ба чавоби саволам посух мехохам. Агар гуфтани бошед ки вакилони шумо, ман рости вакил надорам ва то холо интихоб хам накардам чунки вакили ба шумо лоик нест, ва ин хам хукуки ман аст!

Шояд шумо суол ё назаре доред?