Шӯрои адлия дар Тоҷикистон барҳам хӯрд

Шӯрои адлия дар Тоҷикистон барҳам дода шуд. 9-уми июн Президент Эмомалӣ Раҳмон фармон “Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо кард.

Барҳам додани Шӯрои адлия дар пайи ворид кардани тағйирот ба Конситутсияи Тоҷикистон сурат гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон инчунин зери фармон “ Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо гузошт.

Манбаъ мегӯяд, фармонҳои мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалкӣ рӯзи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид карда шудаанд, равона гардидаанд.

Тибқи фармонҳои Президент масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор мегарданд ва тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили иҳтисоси кормандони судҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар доираи талаботи Фармонҳои мазкур дарназар дошта шудааст, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунгузории амалкунанда вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии судҳо ворид карда мешаванд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?