Шӯрои уламо аз имомхатибон талаб кард, ки дар бораи сулҳу оромӣ мавъиза кунанд

Шӯрои уламои Тоҷикистон аз имомхатибон талаб кардааст, ки дар мавъизаҳояшон дар рӯзи иди Қурбон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намоянд.

Абдулбасир Саидов, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои уламо гуфтааст, бояд имомхатибон дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвар саҳми худро гузоранд.

Имсол мусалмонони кишвар имсол иди Қурбонро 12-уми сентябр ҷашн хоҳанд гирифт.

Бино ба иттилои Шӯрои уламои Тоҷикистон, санаи мазкур дар ҷаласаи навбатии ин ниҳод тасдиқ шудааст.

Тибқи қарори Шӯрои уламо намози иди Қурбон соати 07:00 хонда мешавад.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон ва Рамазон бар асоси маълумоти Инситутси астрофизикӣ муқаррар карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар давлатҳои дигари исломӣ танҳо бо дидани моҳ бо чашми инсон ид муқаррар карда мешавад.

Соли гузашта дар кишвар иди Қурбон 24-уми сентябр таҷлил шуда буд.

Иди Қурбон яке аз боризтарин маросими ҷашнии мусалмонон ба ҳисоб рафта, он баргирифта аз суннати қурбонии паёмбар Иброҳим(а) аст.

Дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин сӯ санаи баргузории иди Қурбон расман рухсатӣ эълом шуда, мусалмонони кишвар ин рӯзро расман қайд мекунанд.

 

Назарҳо

шурои кофирон дар кучо бошад срочно даркор шудаст... як ду савол дорам оё пули гирифтан ва фатвои дуруг додан аз барои пул дар пеши иблис ифтихор мешави

Шояд шумо суол ё назаре доред?