Шӯрои уламо чӣ қадар ушр додан аз заминро шарҳ дод

Сайидмукаррам Абдулқодирзода

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон чӣ қадар ушр додан аз заминро шарҳ додааст.

Масъулини Шӯрои уламо дар посух ба суоли як корбари сомонаашон гуфтаанд, “ҳар чизе, ки аз замин мерӯяд ва инсон онро соҳибӣ мекунад, бояд даҳяки онро ба камбағалону ятимон садақа намуд, хоҳ он заминҳои обӣ бошад ё лалмӣ.”

-Аммо заминҳои обие, ки кор дар он машаққати бисёр дорад, аз қабили заминҳои обие, ки ба воситаи дастгоҳҳои обтаъминкунӣ обёрӣ карда мешаванд ва барои он аз ҷониби молики замин маблағ сарф мегардад, аз 20 як ҳиссаи ҳосили он ба мискинон ва камбизоатон дода мешавад. Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар чизе, ки аз замин мерӯяд, дар он ушр (даҳяк) воҷиб мегардад, агарчи кам бошад,-омадааст дар фатвои Шӯрои уламо.

Назарҳо

Мо давлати дуняви хастем ё дини? Дар як давлат наметавонад ду конун - Конституция ва конунхои дигари давлати ва шариати исломи амал кунанд. Мардум аз даромад ва заминашон ба давлат андоз месупоранд. Дар кадом асос Шурои уламо талаб мекунад ки шахрвандон аз даромад ва дигар моликияташон 10% ушр, яъне дахяк супоранд. Мо бояд аз ин ду якеро интихоб кунем, чунки дар як дил ду ишк чой дошта наметавонад.
Ба номи Худованди меҳрубон Ҷамшед Шумо бародар фарқи масоили диниро аз масоили давлати ташхис дода наметавонед. Сохтори давлатдорӣ чӣ исломӣ бошад чӣ ғайри исломӣ молиёт аз ҷониби афроди ҷомеа пардохт мешавад. Ин ба хотири ҳифзи амният ва ҷону моли афроди ҷомеа аст. Масоили фиқҳии динӣ ҳисобаш ҷудост. Муваффақ бошед.
ин муло савод надорад ,пас обхам аз замин аст чаро пул мегиранд ва руз то руз киматшуда истодааст ,ин гапхои шуморо синфхои якам медонад ки хайр кардан ин вочиб аст ,хар як имондор бе гуфтаи шуморам хайру садака мекунад
Ҳоооо балееее! Аз кадом ушр гап мезанед ба мардуме, ки ту барин гурбасифатон сухани Динро мерасонанд чӣ тавр рӯятон мешавад боз гап мезанед?!!! Гуфтаи у марак бургандан кийн курамуз!!!
Мухтарам Начиб, аввал ин ки одам барин бо забони точики дуруст навиштанро ёд гир. Дуюм ин ки калимаи дин бо харфи хурд навишта мешавад, бо харфи калон номи шахс навишта мешавад. Масалан, вакте ки Ислом менависанд он маънои номи шахсро мегирад, на динро.

Шояд шумо суол ё назаре доред?