Шӯрои уламо тамошои филми туркии “Муллои замонавӣ” манъ накардааст

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мавқеъашро дар бораи тамошои филми туркии “Муллои замонавӣ” ё “Ҳидоят”-ро рӯшан кардааст.

Як корбар аз Шӯрои уламо суол кардааст, ки “имрӯз аз тарафи синамогарони турк филме баромадааст бо номи “Муллои замонавӣ” ё “Ҳидоят”. Намоз ва дигар масоили Исломро ба тариқи масхара анҷом медиҳад. Оё тамошои ин филмҳо дуруст аст? Дар охир дар ҳаққи мо дуо кунед”.

Дар Шӯрои уламо посух додаанд, ки “албатта, бараҳна будани занҳо дар ин филм барои тамошобин боиси гуноҳ аст ва инчунин ба намоз ва дигар аъмоли динӣ масхара кардан гуноҳи нобахшиданист, набояд мусулмон чунин амал кунад ва назар кардан ба ин гуна амалҳо низ гуноҳ аст. Аммо аз як нигоҳ барои онҳое, ки ҳар ҷелакпӯшро мулло медонанд, бояд аз ин ибрат гиранд ва аҳли динашонро бишносанд, зеро имрӯз дар ҷомеаи мо низ чунин муллоҳо вуҷуд доранд”.

Филми туркии “Ҳидоят”, ки дар миёни тамошобинони тоҷик ҳамчун “Муллои замонавӣ” машҳур аст, ки дар бораи қаллобу дузде мебошад, ки бо ба бар кардани либоси муллоҳо чеҳраи аслии худро пинҳон кардааст.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Шурбои уламо гуед,таксир
А бародар инхоба шурбо гуфтанхам хайф аст! Чун инхо хеле пастназардя имруза дунё дигар шудаги а худашон хамакора мекунанд 4 та 4 та зан доран иноба касе чизе нагуяду вале инхо дигаронба гап нишон дихан! Ба гуфтаи шоири ширинсухан: " Бирав ба кори худ эй воъиз ин чи фарёд аст Маро фитод дил аз рох туро чи афтодаст" Шуро рохатона равед ва монед мардум ва навчавонон бу кори худашон бошанд!
Шайхи ӯ Лорди фарангиро мурид, Гарчи гӯяд аз мақоми Боязид. Иқболи Лоҳурӣ
Ҳа тоҷниюз интихоб карда назаротро мегузоред!!! Агар пайрави ҳақиқатен ҳама назаротро гузоред! Ино шурои уламо не шурои "баақло"! Асри 21 ба мо зиндагӣ мекунем инҷо муллои замонавӣ шудан лозим! Агар худи шумо замонавӣ нестед чаро либосҳои имрӯзаро мепушеду монанди салафи гузаштаатон аз хас эзор карда намепушеду ришотона аз тарса нимта нимта мемонед!
Максади ин кинои ин нест, ки факат мо бо чашми сар бубинем, ки ха мулои замонави хело кинои шух будаас гуему халос на ин шахс танхо барои ничамулохои имруза ин филми бароварданд. Инро танхо хамон нимчамуло тамошо кунаду ибрат шавад ба он мухтарам уламои ЧТ

Шояд шумо суол ё назаре доред?