Шуруъ шудани “Лимит”-и барқ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон

Дар аксари кулли навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон реҷаи маҳдуди таъмини аҳолӣ ба бо барқ роҳандозӣ шуда, аммо ширкати "Барқи тоҷик" ҷорӣ шудани "лимит"-ро тасдиқ намекунад.      

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ШСХК “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба TojNews ҷорӣ шудани “лимит”-и барқро рад карда гуфт, “лимит мумкин рӯзҳои наздик шуруъ мешавад...”

Аммо сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон мегӯянд, шуруъ аз 13-уми октябр аллакай рӯзона барқ дар хонаҳои онҳо хомӯш карда мешавад. 

Х. Шарипов, як сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, шабона аз соати 23:00 барқро то соати 5:00-и субҳ хомӯш мекунанд ва рӯзона аз соати 09:00-и субҳ то соатҳои 17 -18:00 барқ дар хона барқ надоранд.

Ҳамин тариқ, дар як шабонарӯз ҳамагӣ 9-10 соат барқ дорем, -мегӯяд Шарипов.  

Ҳамчунин чанде аз сокинони ноҳияҳои Ваҳдату Файзобод ва ноҳияи Рӯдакӣ низ мегӯянд, наздики як ҳафта мешавад, ки барқ танҳо шабона 5 соат ва рӯзона 4 соат дода мешавад. 

Сокинони навоҳии вилояти Хатлон низ ба мушкили дастрасӣ бо барқ рӯ ба рӯ шудаанд, ки шабакаҳои барқтаъминкунӣ беогоҳӣ ба реҷаи маҳдуд гузаштаанд. 

Дар ҳамин ҳол сухангӯи “Барқи тоҷик” қатъ шудани интиқоли барқро ба гузаронидани корҳои профилактикӣ пеш аз фасли зимистон рабт медиҳад. 

Ҷаноби Ёдгорӣ мегӯяд, барқро қатъ мекунанд барои он ки ҳоло омӯхта истодаанд ва мумкин рӯзҳои наздик “лимит”-и барқ ҷорӣ шавад.

Тирамоҳи соли гузашта маҳдудияти интиқол барқ ба аҳолӣ расман аз 19-уми октябр ҷорӣ шуда буд.

Ҳарчанд сокинон ҳанӯз аз 1-уми октябр аз қатъ шудани барқ шикоят доштанд. Масъулини “Барқи тоҷик” он вақт гуфта буданд, ин тасмим дар пайи сард шудани ҳаво ва кам шудани резиши оби дарёи Вахш гирифта шудааст.

Ширкати “Барқи тоҷик” ҳар сол мегӯяд, ки лимити барқ ба хотири ҳифзи оби обанбори Норак гирифта мешавад, ки дар фасли сармо аз кам шудани сатҳи оби дарёи Вахш ба камбуди об дучор мешавад. Ҳудуди 80%-и Тоҷикистонро нерӯгоҳи Норак бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Зимнан, дар фасли сармо Тоҷикистон ба 3 миллиард киловат-соат нерӯи барқ ниёз дорад. Аммо дар фасли тобистон барои истеҳсоли изофии нерӯи барқ харидор намеёбад.

 

Назарҳо

хабари додагии ШУмо дурустаст... лимит дар Чортути н. Рудаки аз 23 то 5 ва аз 9 то 17 чорист! минут даже зиёд намитян... хотя расман мегуянд, ки лимити барк зиёд карда шудагиаст то 12-14 соат ахоли бо барк таъмин аст. вале дар асл танхо 8 соат мегирем! аз шумо хохиш карда мешавад маъсаларо бинед ва расонед ба шахсони масъул! сипосгузорам

Шояд шумо суол ё назаре доред?