Шуруъи таҳқиқи қазияи ҳамлаи қочоқчиёни афғон ба роҳсозони тоҷик

Барои таҳқиқи қазияи ҳамлаи қочоқчиҳои афғон ба роҳсозони тоҷик аз сӯи Ҳукумат комиссияи махсус ташкил шудааст.

Дар мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯянд, ки комиссияи махсуси Ҳукуматро генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзӣ ба уҳда дорад, аз шоми 25-уми март дар ҷои ҳодиса қарор дорад.

Дар мақомот мегӯянд, тафсилоти расмӣ дар бораи қазияи ҳамлаи қочоқчиён ба зудӣ расонаӣ хоҳад. Зимнан, Президент Эмомалӣ Раҳмон низ ба мақомоти кишвар супориш додааст, ки барои раҳо кардани ду тан гаравгон аз дасти қочоқчиҳои афғон тамоми иқдомоти заруриро андешанд.

Хабаргузории “РИА Новости” бо такя ба манобеъаш хабар додааст, ки аз ҷараёни қазияи ҳамла ва рабудашудани роҳзосон дар ноҳияи Шӯрообод Президентро дар ҷараён гузоштаанд. “Дар бораи қазияи мазкур, ки рӯи панҷшанбе дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шӯробод рух дод, Президент огоҳ аст ва супориш дод, ки тамоми чораҳои зарурӣ барои раҳои рабудашудаҳо андешида шавад”, - гуфтааст манобеъи ин хабаргузорӣ аз ҳукумати Тоҷикистон.

25-уми март хабаргузории “Озодагон” хабар дода буд, ки тақрибан соати 14:00 қочоқчиёни афғон ба қаламрави Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона карда, шаҳрвандони мулкӣ, роҳсозонро ҳадаф қарор додаанд. Ба навиштаи ин расона,  роҳсозони минтақаи Шоҳони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳадафи силоҳбадастон қарор гирифтаанд: “Гуруҳ зери роҳбарии Наҷиб, як қочоқбари афғон ҳамла карда, баъди тирпаронӣ кормандони ширкати туркиро аз Тоҷикистон ба гаравгон гирифта, бо худ бурдаанд. Теъдоди ҳамлагарон тақрибан 6-7 нафар будааст, ки феълан ба қаламрави Афғонистон ақибнишинӣ кардаанд”. Нафароне, ки қочоқчиён ба гарав гирифтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар ширкати роҳсози туркӣ кор мекардаанд.

Шоми гузашта хабаргузории минтақавии “CA-NEWS” аз парвози ҳавопаймоҳои ҳарбӣ дар хати марз хабар дод, ки аз пайи ин қазия ба ҳаво хестаанд.

Сироҷ Зиёев, раиси ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод (Шамсиддини Шоҳин) ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки зоҳиран сабаби ҳамла "ҷавоб" ба боздошти ду қочоқбари афғон будааст: "Ду рӯз қабл нерӯҳои сарҳадбони тоҷик ду қочоқбарро боздошт карданд ва онҳо дар иваз ҳамла намуда, ду сокини Даштиҷум, ки дар тарҳи Шӯрообод-Шоҳон фаъолият доштанд, гаравгон гирифтаанд."

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?