Шуруъи тамрини низомии СПАД дар Ромит ва Лоҳур

Имрӯз, 18-уми апрел неруҳои низомии кишварҳои узви СПАД дар дараи Ромити Ваҳдат ва мавзеъи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ба машқҳои низомии “Ҷӯстуҷӯ-2016” шуруъ карданд.

Дар ин тамрин неруҳои иктишофӣ ва таъиноти махсуси Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Русия ширкат мекунанд. Машқҳо то 22-юми апрел идома ёфта, дар он Николай Бордюжа - Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат меварзад.

Бордюжа ҳамчунин зимни ин сафараш ба Душанбе, ки се рӯз идома хоҳад кард, бо раҳбарияти Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот масъалаҳои амнияти минтақа баррасӣ хоҳад шуд.

Тамрини низомии СПАД дар ҳоле оғоз шуд, ки яке аз кишварҳои узви созмон Арманистон дар минтақаи Қарабоғи куҳӣ вориди низоъи ҳарбӣ бо Озарбойҷон буда, расонаҳои ба давлат наздики Русия аз ҷамъшавии неруҳои мусаллаҳ ва як мактаби террористӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон иттилоъ паҳн мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ҳич як манобеъи дигари мустақил ин иттилоъро тасдиқ намекунанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?