СММ хостори муҷозоти сангини омилони қатли рӯзноманигорон шуд

Дар даҳ соли охир бештар аз 800 рӯзноманигор барои фаъолияти касбиашон кушта шудаанд. Дар ин бора дар баёнияи СММ бахшида ба Рӯзи байналхалқии поён додан ба ҷиноятҳои зидди рӯзноманигорон, ки ҳамасола 2 ноябр таҷлил мешавад, зикр шудааст.

Аз 10 ҳодисаи қатли журналистон, дар 9 маврид омилони он аз ҷазо дар канор мемонанд, омадааст дар баёния. "Беҷазо мондан, ки маънии ба ҷавобгарӣ ҷалб накардани омилони поймолсозии ҳуқуқи инсонро дорад, боиси бештар шудани хушунат нисбати рӯзноманигорон мешавад", - зикр шудааст дар баёния.

Бино ба иттилои Федератсияи байналмилалии журналистон, дар соли ҷорӣ дар кишварҳои ҷаҳон 66 хабарнигор ҳангоми адои вазифаи худ ҷон бохтаанд. Тибқи гузориши ин манбаъ, бештари қурбониён ба Афғонистон (11 нафар) рост омада, дар Мексика ва Ироқ 5 нафарӣ ва дар кишварҳои дигар аз 5 то 1 нафарӣ хабарнигорон кушта шудаанд.

Дар иҷлосияи 68-уми Маҷмааи умумии СММ дар соли 2013 қатъномае тасвиб гардид ва рӯзи 2 ноябр Рӯзи байналмилалии поёни ҷиноятҳо зидди рӯзноманигорон эълон шуд. Дар қатънома аз кишварҳои ҷаҳон даъват шудааст, ки дар муқобила бо ҳодисаҳои қатли бидуни ҷазои рӯзноманигорон чораҳои мушаххас андешида ва барои фаъолияти озоди журналистон шароити мусоид фароҳам кунанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?