Собиқ ҳамлагари дастаи “Помир” сармураббии дастаи “Истиқлол” таин шуд

Мӯҳсин Муҳаммадиев, собиқ ҳамлагари дастаи маъруфи “Помир” сармураббии дастаи “Истиқлол” таин шуд.

Дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол” хабар дод, ки шартнома бо Мӯҳсин Муҳаммадиев имрӯз 31-уми октябр имзо шудааст. Футболбозони дастаи “Истиқлол” 3 соли оянда зери роҳбарии ӯ тамрин хоҳанд кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармурраби мунтахаби Тоҷикистон ва бозигари номдори дастаи як замон пурҳангомаи “Помир”-и Душанбе аз соли 2013 то моҳи июли соли 2015 тими мунтахаби Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Аммо ӯ дар пайи шикаст дар роҳ барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018 моҳи июли соли 2015 аз вазифааш истеъфо дода буд.

Мӯҳсин Муслимович Муҳаммадиев зодаи шаҳри Душанбест, 21-уми октябри соли 1966 ба дунё омадааст. Аз хурдӣ шавқи беандоза ба футбол дошт ва дар оғози фаъолияташ таҳти роҳбарии Войнов Николай Алексеевич машқ кардааст.

Соли 1987  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм намуда, муддате дар тими “Пахтакор”-и шаҳри Қурғонтеппа бозӣ кардааст. Маҳорати хуб ва бозии ҷолиби Муҳаммадиев таваҷҷуҳи мураббиёни вақти “Помир”-ро ба худ кашидааст ва ӯ ба ин тими он замон шуҳратёфта даъват мешавад. Соли 1988 дар “Помир” бори аввал шарафи ширкат дар бозиҳои лигаи олиро дарёфт кард.

Дар мавсими соли 1992 дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар 3 бозӣ 5 тӯп задааст.

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба наҳве ба орзуҳои рушди футболи ватанӣ низ латма зад ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Мӯҳсин низ аз Тоҷикистон хориҷ шуд. Соли 1992 бо даъвати Юрий Сёмин ба тими футболи “Локомотив”-и Маскав шомил шудааст. Баъдан, дар клубҳои футболи “Спартак”-(Маскав), “Торпедо” (Маскав), “Локомотив” (Нижний Новгород) ва дигар тимҳои машҳуру номашҳури Русия бозӣ кардааст. 

 Соли 1995 дар ҳайати мунтахаби Русия низ дар як бозӣ ширкат намуда, соли 1998 бо як муоҳада муддати як соли дар ҳайати тими “Аустрия” (Вена)  бозӣ кард ва баъди анҷоми созишнома ба Маскав баргашт. 

Соли 2002 ба шуҳрати футболи касбӣ баъди ширкаташ дар бозиҳои футбол аз ҷониби клуби ҳарбии “Витяз”-и Русия поён дод ва дар ҳамин клуб ба кори мураббигӣ гузашт. Аз соли  2007 то 18 апрели соли 2008 сармураббии “Витяз” буд, ки зери роҳбарии ӯ ғолиби минтақавӣ гашт.

Аз июни соли 2008 то июни соли 2012 директори варзишии “Рубин”-и Қазон буд.

Умуман аз охири соли 1992 то бозгашт ба Тоҷикистон дар дастаҳои футболи чор кишвари олам:  Русия, Туркия, Австрия ва Ӯзбакистон фаъолият кардааст.

Моҳи июли соли 2013 сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъин гардид.

 Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни Маскав ва мураббии дорои муҷаввиз ё литсензияи «PRO» мебошад.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дорандаи медали хурди тиллои чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи якум (1988), қаҳрамони футболи Федератсияи Русия (1994), соҳиби медалҳои нуқраю биринҷӣ ва Ҷоми Русия дар ҳайати дастаҳои футболи шаҳри Маскав аст.

Оиладор, соҳиби се духтар бо номҳои Муслима, Маҳбуба ва Марям мебошад. Ҳамсараш Моҳира духтур ва собиқ узви мунтахаби Тоҷикистон оид ба чавгонбозӣ будааст. Падарарӯси Муҳсин Сергей Мусаллимович Носиров дар гузашта мураббии футболи кӯдакону наврасон буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?