Содироти барқ дар қиёс ба соли гузашта зиёд шудааст

Дар нимсоли аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон дар умум 638,9 миллион киловат/соат барқро содирот карда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63,2 миллион киловат/соат зиёд аст.

Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод иттилоъ дод.

Манбаъ ҳамчунин хабар додааст, ки рушди бештар дар саноати коркард ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар истеҳсол ва тақсимоти энержии барқӣ он 1,5 баробар ва ё 8,1 дарсад бештар шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳаҷми Тавлиди нохолиси дохилӣ (ТНД) дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 21,9 миллиард сомониро ташкил додааст.

Бино ба иттилои вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат рушди амалии ТНД дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсад будааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин шаш моҳ 6,3 миллиард сомониро ташкил додааст ва манбаъ мегӯяд ин 12,1 дарсад болотар аз нимсолаи аввали соли 2015 мебошад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?