Соҳибкорони Фарғонаи Узбакистон аз вилояти Суғд дидан кардаанд

Як ҳайат аз соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии Узбакистон ба аз вилояти Суғд дидан кардаанд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Раиси вилоят ташаббускори ин диду боздид худи соҳибкорони Узбакистон будаанд.

Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки аксари онҳо аз водии Фарғона буданд ва ҳадафи сафар ошноии бештар бо вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ буд. Ин ҳайат зарфи ду рӯз аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара дидан кардааст ва бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳо ва марказҳои фарҳангӣ ошно шудааст.

Ба меҳмонон ҳамчунин Кохи Арбоб, маҷтамаъи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”-ро нишон додаанд. Меҳмонон дар пояи ҳайкали Хоҷа Камоли Хуҷандӣ гул гузоштаанд. Манбаъ дар бораи имзои кадом муоҳадаи ҳамкорӣ ҳарф назадааст, аммо гуфтааст, ки ин сафар танҳо бо мақсади шиносоӣ ва вилоят сурат гирифтааст.

Ин аввали хабари диду боздиди соҳибкорони узбакистонӣ аз минтақае дар Тоҷикистон пас аз марги Ислом Каримов, президенти ин кишвар буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?