Сокини Файзобод дар оташ задани хусураш гумонбар дониста мешавад

Як сокини 31-солаи ноҳияи Файзобод дар ҳолати мастӣ хонаи хусурашро оташ задааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД,  ин мард 26-уми октябри соли равон, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, бинобар сабаби муноқишаи ба миён омада хонаи хусурашро оташ задааст.

Ба гуфтаи манбаъ, маблағи умумии зарари расонидашуда 16350-сомониро ташкил медиҳад.

Дар ВКД мегӯянд, иид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?