Сокинони Брюссел: “Терроризм дин надорад”

Шаби дуюм аст, ки ҳазорон нафар сокинони мусибатзадаи Брюсел ба майдони Биржа меоянд, то бо ҳузурашон хотираи қурбониёни амали террористиро пос доранд. Онҳо ҳамагонӣ ин шиор ба забон доранд: “Нест бод терроризм!”

Хабаргузориҳо аз қавли сокинони Белгия навиштаанд, ки намоиши ҳамрайъӣ ба қурбониён ва ба ҳамаи онҳое, ки дар атроф буданду сахт тарсиданд ва ё захмӣ шуданд, хеле муҳим аст.

“Мо хеле зиёдем ва омадем ин ҷо то бигӯем, ки “Нест бод терроризм!” Омадем то ҳамдардии худро ба пайвандони қурбониёни ин амали ваҳшатзо баён намоем. Охир ин ҳодиса метавонад ба сари ҳар кас ояд, метавонад ҳар касро қурбон кунад, новобаста аз он ки вай тифл аст, зан аст ё мард. Мо мехоҳем зидди терроризм эътироз кунем ва ҳамзамон гӯем, ки терроризм дин надорад”,- иқтибос овардааст euronews.com аз суханони ширкаткунандагони лаҳзаҳои поси хотир.

Ахиран ҳамсари шоҳ  аз макони фоҷеа воқеъ дар метрои Маалбек дидан кардааст. Пештар аз ин худи шоҳ Филипп ва малика Матилда аз бемористони донишгоҳи Эразм дидан кардаву ба захмиёни он изҳори тасаллӣ ва кумак кардаанд.

Дар силсилатаркишҳои  ду рӯзи пеш дар пойтахти Белгия шаҳри Брюсел ҳаддиақал 31 тан ҷон бохтаанду шумори захмиҳо беш 300 нафар дониста мешавад.

Масъулияти ин ҳамлаи террористиро ДОИШ ба уҳда гирифтааст.  

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?