Соли буҳронӣ: Буҷети Тоҷикистон дар нуҳмоҳа боз иҷро нашуд

Дар 9 моҳи соли равон ба буҷети Тоҷикистон зиёда аз 335 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати молия, нақшаи буҷет барои нуҳ моҳи соли равон 12 млрд. 903 млн. долларро ташкил медод, ки вале ин нақша иҷро нашуд. Иҷроиши нақшаи буҷет дар нуҳ моҳ 97,4% баробар аст.

Ҳудуди 65% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатиро маблағҳо аз пардохти андоз ташкил дода, ҳиссаи даромадҳои ғайриандозӣ то 10% мерасад ва ҳаҷми боқимонда ба даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, даромад аз сармоя ва ғайра рост меояд.

Вазорати молия дар ҳоле аз иҷро нашудани нақшаи буҷет хабар медиҳад, ки дар нимсола низ маблағи зарурӣ барои буҷет ҷамъ нашуда буд.

Раванди иҷро нашудани буҷети давлатии Тоҷикистон дар пайи буҳрони молиявӣ тақрибан як сол пеш оғоз шуда буд. Моҳи марти соли 2015 Вазорати молия хабар дода буд, ки буҷет ба андозаи 94 % иҷро гардид. Ин падида дар 5 соли ахир бори аввал буд.

Ҳамин тавр дар нимсолаи аввали соли гузашта низ масъулин натавонистанд ҳаҷми маблағи буҷетро таъмин кунанд. Моҳи январи соли гузашта Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ аз баланд шудани маошу нафақа дар моҳи июл хабар дода буд.

Аммо бо сабаби иҷро нашудани буҷет ин кор як соли пас амалӣ гардид. Буҷети Тоҷикистон иҷтимоӣ буда, маблағи асосии он ба ба соҳаи маориф ва тандурустӣ сарф мешавад. Буҷети кишвар асосан аз ҳисоби андозҳо пур карда мешавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?