“Сомон Эйр” барои парвоз ба Аврупо иҷозаи расмӣ дарёфт кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”  мегӯяд, барои парвоз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иҷозаи расмии EASA (Агентии Аврупо оиди бехатарии парвозҳо)-ро дарёфт кардааст.

Тимур Бандишоев,  сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” дар суҳбат ба TojNews гуфт,  “Сомон Эйр” ба тамоми талаботи бехатарии EASA, қисми ТСО (интиқолдиҳандагони кишварҳои сеюм) ҷавобгў буда, аввалин ва ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мансуб меёбад, ки мутобиқати он ба стандартҳои бехатарии байналмилалӣ расман эътироф гардидаанд.

 Ба гуфтаи ҷаноби Бандишоев, “ҷиҳати ба даст овардани иҷозати EASA, барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» зарур буд дар марҳилаи пешниҳоди дархост, дар муддати як сол нишон диҳад, ки ҳавопаймоҳо (таҷҳизот), инчунин фаъолияти амалиётии шуъбаҳои истифодабарии парвозҳо, хизматрасонии техникӣ ва шуъбаи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҷиддии пешниҳодмекардаи EASA ҷавобгў бошанд.”

 Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.  Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?