"Сомонӣ" - пули миллии Тоҷикистон 16-сола шуд

Расо 16 сол қабл, 30-юми октябри соли 2000-ум дар Тоҷикистон пули миллӣ – «сомонӣ» ба муомилот бароварда шуда буд.

Номи он ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шуда буд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — сомонӣ дар қатори Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти миллӣ ва аз нишонаҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ду маротиба пулӣ милль иваз шудааст. Бори якум 10-уми майи соли 1995 дар ҳудуди кишвар рубли тоҷикӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот баромада буд.

Ин аввалин қадами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи ислоҳоти пулӣ ва ташкили низоми ягона ва мустақили пулӣ буд.

Бори дуюм соли 2000-ум, тавре дар боло зикраш рафт, пули нави миллӣ – «сомонӣ» эҷод шуд, ки то кунун мавриди муомилот царор дорад.

«Сомонӣ» соли 1999 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон дар ширкати «Giesecke & Devrient GmBx»-и Олмон, дар Аврупо чоп шудааст.

26-уми октябри соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар-«сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

Аз 3-юми сентябри соли 2001 ҳамчунин тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот баромааданд.

Соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон «сомонӣ»- ҳои пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард.

Шояд шумо суол ё назаре доред?