Сонеҳаи нақлиётӣ 4 нафарро куштааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додаст, ки як марди 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”-и худро дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” чаппа карда, бар асари зарби сахт ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ мегӯяд ин ҳодиса дар километрии 230-юми қаламрави деҳаи Лакати Истаравшан рух додаст. Ронанда аз уҳдаи идораи мошин набарамадааст ва он дар канори роҳ чаппагардон шудааст.

Рӯзе қабл бошад, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, марди 21-солаи сокини ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Дарвоз-Хоруғ”, дар километри 371-уми ҳудуди деҳаи Қалъаи Хумб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба дарёи “Панҷ” сарозер кардааст. Мусофирони автомашина марди 23-сола ва писарбачаи 13-солаи сокинони ноҳияи Дарвоз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи ин мошин ҳам дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарї шудааст.

Ҳамчунин тахминан соати 05:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, марди 28-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахти кишвар бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, зани 40-солаи сокини ноҳияи Нурободро пахш кардааст.

Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Манбаъ гуфтааст, ки ҳоло аз рӯйи ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятї оѓоз шудаанд ва мақомот ба тафтиши рӯйдодҳо идома медиҳанд.
Конец переписки
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?