Сорос аз Путин даъват кард, то ба ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Ҳалаб хотима бидиҳад

Ҷорҷ Сорос, муассиси бунёди "Ҷомеаи боз" гуфтааст, дар "фоҷеаи инсонии таърихан бузург"-и Ҳалаб Русия айбдор аст.

Ба гуфтаи вай, масъулияти бомбаборони сокинони осоиштаи Ҳалаб, ки ҳавопаймоҳои Русия ба ҷонибдорӣ аз нерӯҳои хушкигарди режими Башор Асад анҷом медиҳанд, ба зиммаи президент Владимир Путин хоҳад буд.

"Дар натиҷаи ин амалиёти ҳарбӣ беморхонаҳо аз фаъолият монда, сокинон бо камбуди об рӯбарӯ шудаанд", - омадааст дар изҳороти Сорос.

Ҷорҷ Сорос аз мардуми Русия ва ҷаҳон даъват кардааст, ки бетараф набошанд ва ғазаби худро ба ҳаводиси ҷорӣ ошкоро баён кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, фишори афкори ҷомеа метавонад Путинро водор ба қатъи ҷиноятҳои зиддиинсонӣ кунад.

Назарҳо

Калу кур хама медонад, ки шумо ба арабистони сауди ва катар ярок муфурушед ва ин ярокхо ба аскарони ДИИШ мерасад ва ота турк сархад кушода гарангони моро хапу дам хар руз мегузаронанд боз мегуи айби Путин. шармандае..........

Шояд шумо суол ё назаре доред?