Созмони ҷаҳонии ғизо: Тоҷикистон барои истеҳсолкунандагони украинӣ бозори хубест

Созмони ҷаҳонии ғизо ва кишоварзии СММ ба корхонаҳои истеҳсолии Украина тавсия додааст, ки Тоҷикистон барои онҳо бозори хуб ва мусоиде хоҳад буд.

Ин созмон дар қатори кишварҳое назири Муғулистон, Туркманистон ва Сербистон аз Тоҷикистон низ ном бурдааст.

Дмитрий Приходко, иқтисодшиноси Созмони мазкур гуфтааст: “Содиркунандагони украин бештар ба кадом самт нигаранд, то барояшон муносибу муфид бошад? Қабл аз ҳар чизи дигар ба он давлатҳои таваҷҷуҳ кунанд, ки воридкунандагони маводи ғизоӣ ҳастанд. Инҳо Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Сербистон ва чанд кишвари дигаранд”.

Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки воридкунандагони ояндадори молҳои кишоварзӣ, аз қабили ғалладона ва равғани наботӣ барои Украина Марокаш, Тунис, Миср, Урдун ва Ӯзбакистонанд. Вале ҳоло СММ тавсия медиҳад, ки содиркунандагони украин ба кишварҳи номбурда низ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Равобити тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Украина дар як сатҳи муътадил қарор дорад. Соли гузашта сафири ин кишвар дар Душанбе Виктор Никитюк гуфта буд, ки гардиши мол миён ду кишвар ба ҳадди бештар аз 45 миллион доллар аст, вале бояд онро таҳким бахшид.

70 дарсади таҷҳизоти энержии Тоҷикистон тавлиди Украина аст ва қарордодҳои наве ҳам дар ин замин имзо шудаанд. Сафири Украина дар Тоҷикистон гуфта буд, ки соҳае, ки ду кишвар метавонанд бештар ҳамкорӣ кунанд, маҳз ҳамин соҳаи энергетика аст.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?