Суғд: Зани 34-сола баъди озод шудан боз даст ба ҷиноят зад

Як зани 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони дуздидани хӯрокворӣ аз бозори “Афросиёб” боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ин зан қаблан низ бо иттиҳоми дуздӣ зиндонӣ шуда буд.

“Гумонбаршуда, рӯзи 22-юми октябри соли равон, тахминан соати 12:00-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи марди 41-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров, воқеъ дар бозори “Афросиёб”-и шаҳри Хуҷанд ворид шуда, аз он ҷо маҳсулотҳои гуногуни хӯрокворӣ, ҷамъ ба маблағи 1700-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”

Манбаъ мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?