Супориши Озода Раҳмон барои хуб таҷлил кардани иди милитсия

Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба расонаҳои иттилоотии расмӣ суориш додааст, ки иди касбии милитсияро, ки ҳар сол 10-уми ноябр қайд карда мешавад, дар сатҳи хуб гузаронанд.

Дар номае, ки унвонии нашрия ва шабакаҳои телевизионии давлатӣ расидааст, гуфта мешавад, ки дар инъикоси ин соҳа бояд аз дастовардҳои милитсия, таърихи таъсисёбии соҳа ва онҳое, ки дар ин касб фидоӣ шудаанд гузоришу маводи таҳлилӣ инъикос намоянд.

Зимнан дар замони Шўравӣ рўзи милитсияи тоҷик 26-уми октябр қайд карда мешуд. Дар давраи истиқлолият он ба  рӯзи 10-уми ноябр гузаронда шуд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?