Таассуфи Илҳом Алиев аз коҳиши тиҷорат миёни Боку ва Душанбе

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Илҳом Алиев, президенти Озорбойҷон пешниҳод кардааст, ки аз ҳисоби ширкатҳои ҳавоии ин кишвар парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Боку аз сар гирифта шавад.

Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, 29-уми сентябр Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ ба Озорбойҷон бо Илҳом Алиев мулоқот кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров ба Илҳом Алиев пешниҳод намуд, ки масъалаи дубора барқарор намудани хатсайри ҳавоии Боку-Душанбе-Бокуро аз ҳисоби ширкатҳои ҳавоии озарбойҷонӣ мавриди омўзишу баррасӣ қарор диҳад.

Хатсайри Душанбе-Боку-Душанбе аз 7-уми март то 22-юми октябри соли 2013 аз тариқи ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” сурат мегирифт. Вале бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба будҷаи ин ширкат парвозҳо дар ин хатсайр дубора мутаваққиф шуданд.

Сухангӯи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, Зуҳуров ва Алиев ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади рушди равобити дуҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои баҳсталаб Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ таъсис дода шавад.

Илҳом Алиев, президенти Озорбойҷон аз коҳиш ёфтани ҳаҷми табодули тиҷорат байни Боку ва Душанбе изҳори таассуф карда, таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон кўшиш менамояд, то пеши роҳи ин таназзул дар арсаи тиҷорат гирифта шавад ва дар солҳои оянда ба рушди болотаре расад.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавриди ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ва корхонаи алюминийи тоҷик мароқ зоҳир намуда, зикр намуд, ки ин масъалаҳо дар сатҳи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар рӯзҳои наздик баррасӣ ва таҳлил хоҳанд шуд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?