Таассуфи Путин аз вайрон шудани "ҷӯрагияш" бо Обама

Владимир Путин, президенти Русия мегӯяд, қатъи хунрезӣ ва роҳандозии раванди сиёсӣ дар Сурия ҳанӯз имкон надорад.

Ба иттилои Интерфакс, ин нуктаро Путин рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи умумии Анҷумани муҳокимаи байналмилалии "Валдай" баён доштааст. Президенти Русия гуфтааст, созиши шахсии ӯ бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама ба ҳам хурд.

Вай ибрози таассуф кардааст, ки баъди гуфтушунидҳои тӯлонию созишҳои хеле мушкил ташкили ҷабҳаи ягонаи мубориза бо терроризм оғоз шуда буд, вале ин ҳам анҷом наёфт. "Ҳатто созиши шахсии мо бо президенти Иёлоти Муттаҳида кор надод", - изҳор доштааст Путин.

Владимир Путин афзудааст, ки барои ӯ ҳамкорӣ кардан бо маъмурияти кунунии ИМА мушкил буд, чун он созишномаҳо, бахусус роҷеъ ба Сурияро риоя намекард. Путин мегӯяд, омодааст бо ҳар нафаре, ки ӯро мардуми Амрико президент интихоб мекунанд, ҳамкорӣ ва ҳама гуна масоилро баррасӣ кунад.

Президенти Русия бори дигар дахолат кардани кишварашро дар раванди интихоботии Амрико рад карда, Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба мақоми президентиро сиёсатмадоре хондааст, ки бо равишҳои аҷибаш ба дили интихобкунандагон роҳ меёбад.

Ба назари ӯ, элитаи сиёсии Амрико қазияи сохтаву афсонавии дахолати Русияро барои ҷалби таваҷҷуҳи интихобкунандагон аз мушкили қарзи федеролӣ ва хушунати пулис ба дигар самт истифода мекунанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?