Табибони чинӣ зери назорати қатъӣ қарор мегиранд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар танҳо ба ду муассиса иҷозат табобати чиниро додааст.

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон аз ҷалби худсаронаи табибони чинӣ ба табобати шаҳрвандони кишвар изҳори нигаронӣ кард. 

Ба қавли ҷаноби Салимзода  “мо ҳамагӣ ба ду муассиса иҷозати истифода аз хидмати табибони чиниро додаем ва ман аз он, ки сафи онҳо бештар мешавад, қонеъ нестам”. 

Вазири тандурустӣ ваъда дод, ки раванди табобати шаҳрвандони кишвар аз ҷониби табибоони чиниро зери назорати қатъӣ хоҳад гирифт.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?